Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии Қонуни баргузории тазоҳурот дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон барои дар маъракаи интихобот низ доир кардани гирдиҳамоиҳо иҷоза шуд. Парлумони кишвар дар ҷаласаи муштараки хеш қонуни қаблиро, ки гузаронидани ҳар гуна гирдиҳамоиро дар маъракаи интихобот манъ карда буд, лағв намуд.


Тибқи қонуни қаблӣ аз лаҳзаи анҷоми маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ то эълони расмии натиҷаи интихобот гузаронидани ҳар гуна намоишу гирдиҳамоии эътирозии гурӯҳҳо ва ё ашхоси алоҳида манъ гардида буд.


Бад ин лиҳоз депутутҳо барои қабули қонуни ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот дар ҷумҳурии Қазоқистон»
раъй дода, лоиҳаи қонунро ҷиҳати имзо ба раиси ҷумхури кишвар ироа карданд.


Амонгелдӣ Тасбеҳов - депутати маҷлиси парлумон мегуяд, ки бемаънӣ будани тағйироту иловаҳо ба қонуни қаблӣ ва манъ кардани гирдиҳамоиҳо дар давраи интихобот ба ҳама маълум буд.


Вале бо лағви ин маҳдудкуниҳо, тавре оқои Косанов таъкид мекунад, роҳ барои доир кардани гирдиҳамоиҳо комилан ҳамвор намегардад. Дар Қонуни кишвар бисёр нуктаҳое мавҷуданд, ки барои озодона баён кардани иродаи хеш ба мардум саддҳои гуногун мегузорад.

Насибҷон Амонӣ, шаҳри Алмаато.
XS
SM
MD
LG