Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳои Созмони Милал аз мавориди нақзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон


Ду кумитаи Созмони Милал рӯзи ҷумъа аз мавориди густурдаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карданд ва аз ҳукумати ин кишвар хостанд, тамоми иқдомоти заруриро барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон биандешад.

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмонов дар садади таъсиси ҳукумати нав аст, Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал бо изҳори нигаронӣ аз тавсиаи фасодкорӣ ва қавмгароӣ дар Тоҷикистон аз мақомот хостааст, то барои маҳви он ду падида иқдомоти муассире анҷом бидиҳад. Ин кумита мегӯяд, ки тавсиаи фасодкорӣ ва хешутаборчигӣ ва ё қамвгароӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандонро аз ҳуқуқи баробари иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳрум кардааст.


Дигар кумитаи Созмони Милал, Кумитаи зидди шиканҷа низ аз мавориди нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус аз гузоришҳо доир ба он ки дар Тоҷикистон ба таври густурда аз шиканҷа кор мегиранд, то муттаҳамонро водор ба эътирофи гуноҳ кунанд, ибрози нигаронӣ кардааст. Ин кумита мегӯяд, барои ҳифзи муаасири тамоми аъзои ҷомеа аз рафтори золимона ва шиканҷа дар Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ кам андешида мешаванд.


Ва аммо адами низоми додгоҳии комилан мустақил дар Тоҷикистон, ки додрасҳоро раиси ҷумҳур таъйин мекунад, мояи нигаронии ҳам Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳам кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал будааст. Ҳар ду кумита аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, то мустақилияти додгоҳҳоро тазмин диҳанд.
Кумитаи ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои тазмини мустақилияти додгоҳҳо ва фаъолияти бетарафонаи онҳо чораҳои фаврӣ биандешад.


Халифабобо Ҳомидов иҷрокунандаи вазифаи вазири адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш саъй дорад, то фаъолияти низоми додгоҳӣ дар ин кишвар мутобиқ ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ бошад: "Имрӯз масъалаи ислоҳоти ҳуқуқии судӣ идома дорад ва ман фикр мекунам, ки солҳои наздик ҳамаи он қолабу ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар ин соҳаҳо амал мекунанд, барои Тоҷикистон низ роҳи худро пайдо мекунанд."



Аз Александр Ковалёв муовини аввали раиси кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал пурсидам, оё интизор дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои кумитаи онҳоро иҷро хоҳад кард. Вай гуфт:


"Ба фикри ман иҷро мекунад, чаро ки ҳукумат ба дарки аҳамияти ин мавзӯъ рафтааст. Агар нахоҳанд, ки мисли Қирғизистон, ки дар он ҷо ҳукуматро тағйир доданд, шавад пас бояд ҳуқуқи инсонро риоят кунанд, зеро мурооти ҳуқуқи инсон заминаи аслӣ барои умри дарози як режим аст."


Кумитаи зидди шиканҷа ва ҳам Кумитаи ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милал, ки моҳи ноябр тайи беш аз ду ҳафта ҷаласа доштанд чанд ҷанбаи мусбати фаъолияти ҳукумат ҷиҳати мурооти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тасвиби аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон, ислоҳоти низоми зиндонҳо, иҷрои барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ, беҳбуди вазъи зиндагии мардуми фақирро зикр кардаанд.


Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар дар ин ҷаласа гузориш дод, ки доир ба манъи истифодаи шиканҷа ва мурооти ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинонаш чӣ корҳоеро анҷом додааст. Ҷаласаҳо рӯзи ҷумъа, 24 ноябр ба поён расид ва ҳар ду кумита хулосаву тавсияҳои худро нашр карданд.
XS
SM
MD
LG