Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Осиёӣ: Қирғизистон - Тоҷикистон 2 : 2


Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» тими мунтахаби Урдун бар дастаи Макао бо натиҷаи 13 бар 0 пирӯз шуд. Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ тимҳои Урдун, Қирғизистон ва Тоҷикистон панҷимтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Урдун (13 - 0) дар мақоми аввал, Қирғизистон (9 - 2) дар мақоми дуввум ва Тоҷикистон (7 - 3) дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Макао бидуни имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол кард.

Ду бозии охирин дар гурӯҳи «В» миёни тимҳои Ироқ - Сурия (0 : 0) ва Сингапур - Индонезия (1 : 1) бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар ин гурӯҳ Ироқ бо 7 имтиёз дар мақоми аввал ва Сурия бо 5 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифтанд. Сингапур бо 2 имтиёз мақоми севвум ва Индонезия бо 1 имтиёз ҷойгоҳи чаҳорумро касб карданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот ғолибони ҳарду гурӯҳ - Урдун ва Ироқ ба қисмати ниҳоии понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфта, ба қатори 22 дастае, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, ҳамроҳ мешаванд. Урдун дар гурӯҳи «А» бо тимҳои олимпии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бозӣ хоҳад кард. Ироқ дар гурӯҳи «Е» бо Чин, Уммон ва Малайзия рақобат мекунад. Ҳамчунин ба ҷои Туркманистон, ки аз ширкат дар қисмати ниҳоии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар даст кашидааст, Қирғизистон - беҳтарин тими дар мусобиқоти пешакии гурӯҳӣ мақоми дуввумро ишғолкарда дар гурӯҳи «F» бо Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Покистон қувва меозмояд.
XS
SM
MD
LG