Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони нархҳо дар бозори манзил. Бахши дуввум


Нархҳои осмонӣ дар Остонаву Алма -Ато

Қимати манзил дар Қазоқистон сол то сол афзоиш меёбад.Ба вижа чунин болоравии нарҳ дар шаҳрҳои бузурги қишвар - Алма-Атову Остона бештар ба мушоҳида мерасад. Вақте нашрияҳоеро мисли «Недвижимост без посредников » варақ мезанед, инро ба хубӣ эҳсос мекунед. «Хонаи як утоқа мефурӯшам, нархаш 25 ҳазор доллари амрикоӣ » ва дар ҷои дигар ба чунин нархи ба истилоҳ осмонӣ дучор меоем : «Хонаи якутоқаи шароиташ олиро дар қучаи Фурманов мефурӯшам - 250 000 доллар». Ин хонаест дар як маҳалли хушобуҳавои шаҳри Алма-Ато. Хонаҳои 2- ва 3- утоқа дар ин маҳалли шаҳр ҳадди ақал 300 ҳазор ва маъмулан 400- 500 ҳазор доллари амрикоианд. Як хонаи 3-утоқаро бошад, соҳибаш 1 миллиону 100 ҳазор доллар нарх кардааст.

Вале нархи хонаҳо дар Остона -- пойтахти қишвар чунин баланд нест.Дар ин ҷо манзили якутоқа ҳадди ақал 20 ҳазор доллар ва болотарин нархи чунин ҳона болиғ аз 100 ҳазор доллар аст. Коршиносон баланд мондани қимати ҳонаҳоро дар Алма-Ато ба он марбут медонанд, ки ин шаҳри бузурги қишвар ҳарчанд соли 1997 мақоми пойтахтро аз даст дод, вале ҳамчун маркази тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ монд . Бар илова, дере нагузашта ҳуқумат тасмим гирифт, ки Алма-Ато чун Дубай ва Дублин ба маркази байналмилалии тиҷорат табдил дода шавад.

Дар Қазоқистон шуморе аз муҳоҷирони точик низ соҳиби хонаву дар шуда аз азоби иҷоранишинӣ раҳо гардидаанд.Дар ин робита Муҳаммадшоҳи Ақобиршоҳ, зодаи ноҳияи Рашт мегӯяд: "Ду сол пеш нархи хонаҳо дар атрофи Алма-Ато тақрибан 4,5-5 ҳазор доллари амрикоӣ буд. Хонае ки ман он вақт харида будам, нархаш имрӯз тақрибан 25-30 ҳазор доллари амрикоист. Хайрият, ҳамон вақт хона харидаму аз мушкилоти бехонагӣ халос шудам."

Ҳоҷӣ Сулаймон Рашидов, ки аз солҳои 90 дар ин ҷо ба сар мебарад, низ меафзояд, ки вай соли 1996 ба қиммати 7 ҳазор доллар ҳавлӣ харид, ки қиммати он имрӯз ба 400--500 ҳазор доллар расидааст. Чун қимати манзил алъон ,ба истилоҳ, ба фалак дакка хӯрдаасту барои ағлаби муҳоҷирони тоҷик харидории чунин хона ғайримумкин гардидааст, бархеҳо роҳи дигарро пеш гирифтаанд. Бозаргон Ҳоҷӣ Сулаймон мегӯяд:
"Агар дар беруни шаҳр касе замин гираду хона созад, нархи он хона хеле ҳам арзон мешавад. Ман даҳ--понздаҳ нафар тоҷиконро медонам, ки дар атрофи шаҳр замин гирифта хона соҳтаанд, чанд нафари дигар бошанд, дар ҳавлиҳои харидаи хеш ба сар мебаранд."

Маҳз бо чунин роҳ , ба андешаи Ҳоҷӣ Сулаймон, шумораи зиёди муҳоҷирони точик бо қимати на он қадар баланд соҳиби хона гардиданд ва дар мусофират мушкили бехонагиро ҳал карданд. Бар илова, онҳо метавонанд ҳангоми бозгашт ба Ватан он хонаро бифурӯшанду бо маблағи муайяне ба Тоҷикистон баргарданд.
Насибҷон Амонӣ, шаҳри Алма-Ато


... ва дар Бишкек

Ба назар мерасад, дар шаҳри Бишкек нархи манзил мунтазам боло меравад. Елена Чернишова-менеҷери маркази амволи ғайриманқули Теодор, мақарраш дар Бишкек дар ин робита мегӯяд, ки нархи манзил устувор нест. Ӯ мегӯяд, агар манзили якутоқа дар маркази шаҳри Бишкек аз 17 то 23 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳатто аз он ҳам бештар ба фурӯш равад, дар микрорайонҳои ҷанубии шаҳр нархи манзили якутоқа аз 16 то 20 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи хонум Чернишова, дар беруни шаҳр нархи манзил дар таносуб ба маркази шаҳр ва микрорайонҳои он фарқ мекунад. Вай мегӯяд, ки дар манотиқи наздишаҳрӣ манзили якутоқа дар ивази аз 8 то 15 ҳазор ва манзили ду ё сеутоқа аз 12 то 20 ҳазор доллар қиммат дорад. Бону Чернишова гуфт, дар маркази Бишкек чандин манзил бунёд шуд, ки арзиши онон аз 50 то 70 ҳазор доллари амрикоист.

Елена Чернишова дар мавриди сабаби боло рафтани нархи манзил мегӯяд, бонкҳои зиёд нисбат ба ду-се соли пеш пардохти қарзҳои дарозмуддатро барои мизоҷон хеле содда намуданд ва афроде, ки барои харидани манзил эҳтиёҷ доранд, маҳз ба ин бонкҳо муроҷиат ва аз хизмати ин бонкҳо истифода мекунанд. Елена Чернишова гуфт, вале бонкҳо аз баррасии даромади мизоҷони худ сарфи назар кардаанд, ки шояд ин раванд ба боло рафтани нархи манзил дар Бишкек мусоидат кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар авохири солҳои навадуми қарни гузашта ва ду соли аввали ҳазораи севвум, дар маркази шаҳри Бишкек нархи манзили якутоқа дуввуним-се ҳазор доллар буд ва дар ивази чаҳор-панҷ ҳазор доллар кас метавонист, барои худ манзили ду ё сеутоқа бихарад. Коршиносон меафзоянд, ҳамчунин нархи хонаи дуутоқа дар микрорайонҳои Бишкек аз се ҳазор доллари амрикоӣ беш набуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун барои харидани манзили дуутоқа беш аз 18-20 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст.

Бар асоси гуфтаи коршиносон, ба далели он ки сохтмони манзил, ба вижа дар Бишкек ва минтакаҳои наздишаҳрӣ хеле ба кундӣ пеш меравад, нархи манзил дар пойтахти Қирғизистон афзоиш хоҳад ёфт. Коршиносон мегӯянд, ки гузашта аз ин, мавҷи муҳоҷирони маҳаллӣ аз манотиқи ин кишвар ба Бишкек боло меравад ва коҳиши нархи манзил дар Бишкек дар ду- се соли оянда аз эҳтимол дур хоҳад буд.

Дар шахри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон нархи манзил тақрибан мусовӣ бо нархи манзил дар Бишкек будааст.

Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG