Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони тоҷик нигаронӣ мекунад


СМ

Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар як сӯҳбати вижа бо радиои «Эхо Москви» гуфт, ҳар тобуте, ки аз Русия ба Тоҷикистон меравад, равобити байни ду кишварро тиратар мекунад. Сафири Русия, ки барои як боздиди кӯтоҳ дар Маскав ба сар мебарад, гуфт, мақомоти Тоҷикистон аз таъқиби муҳоҷирон дар Русия шадидан нигарон аст ва сафорат дар ин замина чандин номаи эътирозӣ дарёфт кардааст. Сафири Русия гуфт, кишвари ӯ ба муҳоҷири корӣ ниёз дорад ва аз муҳоҷирон бояд пуштибошӣ намояд. Он гуна, ки вилояти Пенза аз Тоҷикистон 200 хонаводаро барои зиндагӣ ва кор дар риштаи кишоварзӣ даъват кардааст.


Дар посух ба суоли шунаванде, ки муҳоҷирони тоҷикро фурӯшандаи маводи мухаддир номид, Рамазон Абдулатифов гуфт, «Ин гуноҳро ба тоҷикон набандед, дар Тоҷикистон як грамм маводи мухаддир тавлид намешавад. Дар миёни онҳое ки бо ин гуноҳ боздошт шудаанд, тоҷикон танҳо 3 дар садро ташкил мекунанд.»


Рамазон Абдулатифов ҳамчунин хабар дод, ки ҳарсола то чор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд, аммо талабгорон ҳоло ҳам зиёданд. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон феълан 60 ҳазор мардуми рустабор ба сар мебарад, ки ғолибан бознишастаанд ва бархе ҳам дар хонаҳои бепарасторон ба сар мебаранд. Русия ба онҳо ҳарсола то 250 ҳазор доллар кӯмаки молӣ мекунад.


Рамазон Абдулатифов аз кундии сармоягузориҳои Русия дар Тоҷикистон, набуди шароити созгори рушд ва ҳифзи сармоя иброзӣ нигаронӣ кард. Вай ҳамзамон аз ҳамкориҳои низомии Русияву Тоҷикистон иброзӣ қаноатмандӣ кард ва пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро фаъолтарин пойгоҳи кишвари худ дар хориҷ номид.


Професори фалсафа Рамазон Абдулатифов моҳи майи соли 2005 дар нахустин рӯзҳои таъин шудан ба мақоми сафир ва намояндаи фавқулоддаи Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав эълом карда буд,ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирон тоҷик дар Русияро дар сархати барномаи кории худ қарор хоҳад дод.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG