Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Узбакистону Қирғизистон дар масъалаи газу барқ


va

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҷониби Ӯзбакистон як идда шароитро дар миён гузошт, ки дар сурати иҷрои он омода аст, интиқоли гази табииро ба Қирғизистон идома диҳад.


Наталя Орлова-сухангӯи Ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушоди «Истгоҳҳои барқ»-и Қирғизистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҷониби Ӯзбакистон пешниҳод намуд, ки дар ивази нақли гази табииаш ба Қирғизистон аз ин кишвар нерӯи барқ ворид кунад. Ба гуфтаи хонум Орлова, қиммате, ки Ӯзбакистон дар ивази нерӯи барқи қирғиз пардохт хоҳад кард, поинтар аз қимматест, ки дар ҳамин ҳол дар бозори умумӣ барои як киловатт/соат нерӯи барқ муқаррар шудааст.Хонум Орлова афзуд, ки қиммати пешниҳодкардаи ҷониби Ӯзбакистон 0,9 сент мебошад. Ин дар ҳолест ки Қирғизистон соли равон дар ивази 1,1 сент нерӯи барқ содир намуд. Ба гуфтаи Наталя Орлова, нархе, ки Ӯзбакистон дар ивази нерӯи барқ пешниҳод кардааст, аз нигоҳи иқтисодӣ манфиатбахш нест, вале бо дарназардошти манофеъи умумии кишвараш Қирғизистон шартҳои ҷониби Ӯзбакистонро дар сатҳи ҳукумат баррасӣ хоҳад кард.


Эрнест Қорибеков- корманди дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ки кишвараш қиммати нерӯи барқро расман эълом накардааст ва шояд як киловатт/соат нерӯи барқ аз 1,3 сент ҳам боло муқаррар шавад. Оқои Қорибеков афзуд, ки пешниҳоди ҷониби Ӯзбакистон дар мавриди поин бурдани қиммати нерӯи барқ дар ягон санад ба расмият дароварда нашудааст. Ба гуфтаи Эрнест Қорибеков, ҳар тарафи вориди музокирот шартҳои худро пешниҳод мекунад ва ин ҳуқуқ ба онҳо дода шудааст. Ба гуфтаи мавсуф, дар муддати даҳ рӯзи оянда ҳукумати Қирғизистон бо мақомоти ҳамсоякишварҳои худ-Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар мавриди додугирифти газ, нерӯи барқ ва захираҳои об вориди музокира хоҳанд шуд.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG