Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаи таваҷҷӯҳи ҷаҳон: Теҳрон, 25 - 26 ноябр


Чарлз Рекнегел Қарор аст, рӯзҳои шанбеву якшанбе таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Теҳрон кашида шавад. Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломӣ раисони ҷумҳуриҳои Ироқу Эрон мулоқот мекунанд. Барои ташкили чунин як нишаст ҷонибҳо аз муддатҳо пеш омодагӣ дидаанд. Ва аммо ба қавле интригаи ин ҳамоиш дар он аст, ки имкон дорад, дар кори он инчунин раҳбари Сурия Башор Асад иштирок кунад.

Ҳамоиши ин се раҳбар дар як вақт ва дар як макон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Иёлоти Муттаҳида баҳсҳо пиромуни музокироти мустақими Вашингтон бо Димишқу Теҳрон роҷеъ ба вазъи Ироқ доғтар мешаванд.

Ҷалоли Талабонӣ, раиси ҷумҳурии Ироқ қарор аст рӯзи шанбе барои анҷоми як сафари серӯзаи корӣ ва боздиди ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинаҷод вориди Теҳрон шавад. Комрони Қародоғӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурии Ироқ дар сӯҳбат бо бахши ироқии радиои Озодӣ гуфт, ки дар меҳвари гуфтугӯҳо масоили иқтисодиву амниятӣ қарор хоҳанд гирифт:

"Раиси ҷумҳурӣ ва ҳайати ӯ масоили зиёдро дар Теҳрон ба баррасӣ хоҳанд гузошт, яъне масоили сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва нафтро. Инчунин Ироқ аз кӯмакҳои Эрон дар равандҳои сиёсии худ сипосгузор аст, ки баъди сарнагунии режими пешини Ироқ дарёфт кардааст. Ироқ интизори дарёфти кӯмакҳои бештар аз Эрон аст, бахусус дар масоили мубориза бо терроризм ва таҳкими амният дар ин кишвар".

Ва аммо ин мулоқоти дар назари аввал маъмулӣ дар сурати таъйид шудани ҳадсу гумонҳои расонаҳо оид ба ширкати раиси ҷумҳурии Сурия дар ин нишаст метавонад ба як ҳодисаи фавқулодда табдил шавад. Чунки дар ин сурат мақомоти ироқӣ бо ду душмани аслии Амрико - Сурияву Эрон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ин ду кишварро ҳукумати Буш ба "меҳвари шарорат" ворид карда, ҳар дуро ҳамзамон дар бесубот кардани вазъи Ироқ ва ҳам Лубнон муттаҳам мекунад. Боз ҳам аҳамияти ин мулоқот дар он аст, ки ин мулоқот чанд рӯз баъд аз қатли вазири саноати Лубнон сурат хоҳад гирифт. Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи 21 ноябр баъди дарёфти хабари қатли Пиер Ҷумайл Димишқу Теҳронро танқид кард.

Бо наздикшавии таърихи таъйиншудаи мулоқотҳои Теҳрон ин масъала бештар вирди забонҳо мегардад ки пеш аз ҳама бо чӣ роҳ ва баъдан бо чӣ қимат Амрико, Эрон ва Сурия дар роҳи ба эътидол овардани вазъи Ироқ ҳамкорӣ карда метавонанд. Кумитаи мустақили Конгресс, ки интизор меравад машвартаҳои худро роҷеъ ба бозбинии стратегияи Буш дар Ироқ пешниҳод кунад, ташкили чунин музокироти чандҷонибаро яке аз василаҳои муҳими шурӯи гуфтугӯҳо арзёбӣ мекунад. Аммо дар айни ҳол, мушкили аслии миёни Эрону Амрико на танҳо бар сари Ироқ ва иттиҳомоти Вашингтон аст, ки Ҷумҳурии Исломиро дар маблағгузории низомиёни шиъа муттаҳам мекунад, балки печидагии равобити ду кишвар аз масъалаи бӯҳрони барномаи ҳастаии Эрон ҳам маншаъ мегирад. Ҳар ду ҷониб ҳам изҳор кардаанд, ки ҳама гуна гуфтугӯҳоро бар сари масоили Ироқ ба гунае сари баҳси барномаи ҳастаӣ хоҳанд бурд. Буш ҳам дар ин замина 13 ноябр гуфт:

"Агар эрониҳо бихоҳанд, ки бо мо вориди музокира шаванд, мо бояд ба онҳо роҳро нишон диҳем ва ин роҳ ҳам ба таълиқ андохтани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум бо роҳи қобили тасдиқ ва таъйиди ин фаъолиятҳо мебошад"

Дар робита бо Димишқ, Вашингтон пайваста хатми мудохила ба умури Бейрут ва берункашии нируҳои Сурия аз қаламрави Лубнонро тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG