Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба номаи Раҳматулло Зойиров


Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз се рӯзи дарёфти номаи шикоятии Раҳматулло Зойиров раиси ҲСТД эълом доштааст,ки салоҳияти расидагӣ ба ин номаро дар ихтиёр надорад.


Раҳматулло Зойиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон се рӯз қабл бо ирсоли як номаи эътирозӣ унвонии Додгоҳи олии Тоҷикистон хостори лағви натоиҷи интихоботи ахири президентии ин кишвар шуда буд.Сайфиддин Пиров муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ далели аз сӯи ин ниҳод баррасӣ нашудани номаи раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистонро ин гуна шарҳ дод:

«Мутобиқи банди чаҳори моддаи 34-и Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президент қарор дар бораи бекор донистани натоиҷи интихобот аз сӯи Куммисюни марказии интихоботи Тоҷикистон қабул қарда мешавад ва нисбати он метавон дар давоми даҳ рӯз ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кард. Бинобар ин баррасии номаи шикоятии шаҳрванд Р. Зойиров берун аз салоҳияти Додгоҳи олии Тоҷикистон аст»

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон баргузории интихоботи ахири президентии ин кишварро ба далели ширкати Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон дар он ғайриқонунӣ эълом намуда буд.Ва ба ин хотир аз ширкат додани номзади худ дар интихоботи худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG