Пайвандҳои дастрасӣ

Радди дархости Эрон барои кӯмаки фаннӣ ҷиҳати танзими кори реактори ҳаставӣ


Хабаргузориҳои ғарбӣ аз нақли дипломатҳои СММ овардаанд, ки Шӯрои мудирони Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ дархости кӯмаки фаннӣ ба танзими кори реактори ҳаставии Эронро рад кард.


Шӯрои мудирони бунгоҳи ҳаставии СММ хавф дорад, ки Эрон имкон хоҳад ёфт, плутониумро дар тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ низ истифода барад.


Қарори Оҷонсӣ баъди баҳсҳои чандрӯзаи ҳайъатҳои кишварҳои саноатӣ ва мамолики рӯ ба тараққӣ ҳосил шуд. Бар пояи он Эрон ҳақ дорад, ки дар оянда ин дархостро аз нав матраҳ намояд.
XS
SM
MD
LG