Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норникел - харидори нуқраи тоҷик


мс

Намояндаи расмии ширкати «Норникел»-и Русия, Виктор Бородин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод, ки ширкати онҳо тарҳи баҳрагирӣ аз нуқраи Кони Мансур, воқеъ дар вилояти Суғдро ба унвони мақомоти Тоҷикистон ирсол кардааст ва интизори посух мебошад. Ӯ гуфт, Кони Мансур аз шумори бузургтарин конҳои нуқраи ҷаҳон аст ва захираи фулузоти гаронбаҳо дар ин кон беш аз 50 ҳазор тонна аст, бо шумули мис, тилло, сурб, руин ва ғайра. Намояндаи «Норникел»ҳамчунин гуфт, ки мизони сармоягузорӣ пас аз анҷоми таҳқиқи дигарбораи кон муаяйн карда хоҳад шуд.


Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи «Газета», чопи Маскав менависад, Кони Мансур дар замони Шӯравӣ таҳқиқ шудааст ва то ду миллард доллар сармоя тақозо дорад. Дар ҳамин ҳол, оҷонсии хабарии «Интерфакс» ба нақл аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки ширкати «Норникел» хостори баҳрагирии мустақилона аз нуқраи Кони Мансур аст, вале ҷониби Тоҷикистон ба ташкили корхонаи муштарак таваҷҷӯҳ дорад. Намояндаи «Норникел» ба далели надоштани иттилоъи расмӣ аз тавзеҳи ин хабар худдорӣ кард. Аммо таҳлилгари ширкати сармояҳои молии «Солид» Игор Нуждин ташкили корхонаи муштараки баҳрагирӣ аз нуқраи Кони Мансурро беҳтарин роҳи пиёдасозии тарҳи пешниҳодшуда медонад.


Бино ба гузоришоти марбута, ширкати «Норилский никел» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонии тавлидкунанади никел ва паладия дар Русия мебошад ва ахиран ба тавлиди нуқра ва тилло ҳам иқдом кардааст. Ба гуфтаи намояндаи ширкат Виктор Бородин, «Норилский никел» бори аввал аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ оғоз мекунад ва дар сурати пешрафт ин ҳамкориро тавсеъа хоҳад дод.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG