Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рад шудани дархости мулоқот бо Ғаффор Мирзоев


Идораи умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости мукаррари вакилони дифоъ ва пайвандони Ғаффор Мирзоев-раиси собиқи Ожони мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо вай посухи рад додааст.

Абдуқаюм Юсуфов яке аз вакилони мудофеъи Ғафор Мирзоев гуфт масъулини Идораи умури зиндонҳои вазорати адлия бо гузашти се моҳ аз замони эъломи ҳукм ва бар хилофи Кодекси мурофиавии Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд,ки пайвандон ва вакилони дифоъи оқои Мирзоев бо ӯ мулоқот кунанд.

Вакили дифоъи Ғаффор Мирзоев афзуд, ки масъулини Идораи умури зиндонҳо бидуни риояти ҳукми додгоҳ шароити нигаҳдории муваккили онҳоро тағйир дода ва ӯро аз боздоштгоҳи тафтишотии вазорати амният ба боздоштгоҳи тобеъи вазорати адлия интиқол додаанд.

Зеро ба таъйиди оқои Юсуфов ҳукми содиркардаи додгоҳ танҳо баъди баррасии шикояти Ғаффор Мирзоев ва вакилони дифоъи ӯ дар додгоҳи таҷдиди назар, ки то кунун сурат нагирифтааст қувваи қонунӣ пайдо хоҳад кард.

Ин дар ҳолест,ки дар посухи катбии Идораи умури зиндонҳо ба дархости вакилони дифоъи Ғаффор Мирзоев дар мавриди мулоқот ва тағйири шароити нигаҳдории ӯ гуфта шудааст ҳоло дар системи умури зиндонҳои Тоҷикистон барои муҷримине, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд шароит дуруст нашудааст.
Ва танҳо баъди рафъи ин мушкил,ки мақомоти умури зиндонҳои кишвар дар пайи ҳалли он будаанд имкони мулоқот бо маҳкумин ба ҳабси абад фароҳам мешавад.

Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар интиҳои тобистони соли равон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои иртикоби ҷиноёт, аз ҷумла талоши исёни ҳарбӣ алайҳи давлат, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт, сӯъистифода аз мақоми хидматӣ, паҳн кардани варақаҳои зиддидавлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG