Пайвандҳои дастрасӣ

Мардума шӯр бдозу бху бгард


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

Ташхис-ул-латифа. Лутфи III.

Қаҳрамони майдони яккаса

Арз кунам, ки ҳоло тамоми ҷаҳон, аниқтараш ононе, ки қисмати ҷаҳону ҷаҳониёнро дар даст доранд, аз рӯи мақоли сиёсии «низоъ андозу ҳукмронӣ намо» амал мекунанд. Тарҷумаи тоҷикии ин мақол «мардума шӯр бдозу бху бгард» мешавад. Барои шӯрандозӣ бошад «як нафар ҳам дар майдон сарбоз аст».

Аз афташ раҳбарияти имрӯзаи заминиён аз ин лутфия, яъне латифа, аниқтараш ҳикояти аз асри XII ба воситаи Нуриддин Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба мо расида хуб огоҳанд. Гӯш диҳед ба ин латифа ва огоҳ бошед. Ҳар яки моро чизе ба ҳамин монанд интизор аст.

Овардаанд, ки чаҳор кас дар боғе рафтанд ва ба хӯрдани мева машғул шуданд. Яке донишманд - олим, дуюм тақводор : мулло, эшон, сеюм лашкарӣ - сарбоз ва чаҳорум бозорӣ, яъне савдогар ( аз бозори вайроншудаи микрорайони 82 ё Корвону Саховат не, аз бозори асри 12). Ва соҳиби боғ даромад. Дид, ки меҳмонҳои нохонда, аниқтараш, дуздон мева мехӯрданд ва беш мева талаф мекарданд. Деҳқон марде буд зирак. Бо худ гуфт: «Ман танҳоям, эшон чаҳор нафар. Дар якҷоягӣ зӯри ман ба онҳо намерасад.»

Пас ба онҳо рӯ овард. Аввал олимро гуфт: «Ту марди донишмандӣ! Олим, иқтидокунанда ва пешвои моӣ, ҳастии мо, маоши мо аз баракати уламо ба мо расидааст. Дуввум, ин марди саид ва бузург, ки аз хонадони нубувват аст ва мо ҳама ғуломи ӯем, зеро дӯстии хонадони пайғамбар ба ҳама воҷиб аст, Саввум, ин марди лашкарӣ, ки аз арбоби теғ аст ва хонумони ҷони мо аз теғи эшон ободон аст. Шумо, ки дар боғи ман оед ва тамоми меваи ман хӯред, аз шумо дареғ набувад, валекин ин марди бозорӣ кист ва ба чӣ василат дар боғи ман тавонад омад ва бо кадом фазилат меваи боғи ман тавонад хӯрд?»

Пас гиребони савдогар гирифт ва ӯро дастбурдии тамом намуд, ки аз пой даромад. (Тарҷумаи тоҷикӣ, мурданак кӯфт.) Дасту пои ӯ бубаст. Сипас ба лашкарӣ рӯ оварда гуфт: «Ман бандаи уламо ва муллоёнам ва агар эшон аз ман ҷон талабанд, зуд бидиҳам ва боз худро қарздор шуморам. Аммо ту лашкарӣ гӯй, ки чӣ касӣ ва дар бӯстони ман ба чӣ кор омадӣ? Ман андози ин боғ ба султон додам ва аз ӯ ва аз ту қарздор нестам.»

Ӯро бигрифт, адабе тамом кард. (яъне, сару фукша қашқа кард). Ва дасту пои ӯ маҳкам баст. Пас ба олим гуфт: « Ту даъвои илм мекунӣ, вале он қадар нодонӣ, ки ба боғи мардум бе иҷозат медароӣ. Моли ман ва ҷони ман фидои муллою эшон бод! Аммо ҳар ҷоҳиле, ки даъвои илм мекунад вале моли мардум мехӯрад, сазовори ҷазо аст.» Олим низ кӯфта ва баста шуд.

Мулло танҳо монд. Ва деҳқон ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй, муртади ноаҳл ва эй мурдор! Ту боре бигӯй, ки ба чӣ сабаб дар замини ман омадаӣ ва бе иҷозат моли маро ботил ва талаф кардаӣ.»

Пас ӯро низ бубаст ва бад-ин тариқ ҳар чаҳорро дар қайд овард ва баҳои ангур аз эшон биситонид ва ба ҳазор шафоат эшонро раҳо кард.


Акнун, дӯстон биандешед, ки кадоме аз мо ба кадом нақш мувофиқему чӣ тоифаем. Ташаккур.


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло


Лутфи I

Лутфи II
XS
SM
MD
LG