Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гушоиши намоишгоҳи ихтисосӣ дар Душанбе


Аввалин намоишгоҳи ихтисосии саноеъи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ «InterFoodТajikistan-2006 рӯзи панҷшанбеи (23-ноябр) дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард.

Утоқи тиҷорат ва саноеъи Тоҷикистон,ки яке аз созмондиҳандагони баргузории намоишгоҳ аст, хабар додааст,ки дар намоишгоҳ беш аз 15 ширкати хориҷӣ ба намояндагӣ аз кишварҳое назири Олмон,Туркия,Ҳинд, Украина,кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия ширкат ва тавлидоти худро дар заминаи саноеъи хурокворӣ ба маърази тамошо мегузоранд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ ширкатҳои давлативу хусусии фаъол дар Тоҷикистон низ бо ироаи маҳсулоти мухталифи хурокворӣ ва кишоварзӣ ҳузур меёбанд.Аввалин Намоишгоҳи ихтисосии саноеъи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ се рӯз идома меёбад. Дар назар аст ба дунболи он миёни ширкатҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG