Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

SOS: Наврасон худро мекушанд


Хуҷанд. Ибодати Неъматзода Идораи умури дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, як духтараки синфи шашум дар деҳкадаи Далёни поёни ноҳияи Ғончӣ худро овехтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳоли ҳозир сабаби даст ба худкушӣ задани духтараки мактабхон мавриди тафтиш қарор дорад.

Ин ҳодисаи аввалин нест, ки тайи соли равон навҷавонони Суғд ба худкушӣ даст мезананд. Ба иттилоъи додситонии Суғд, дар нӯҳ моҳи соли равон 130 ҳодисаи худкушӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистн ба қайд гирифта шудааст ва аз ин теъдод 19 нафари бо худкушӣ ба зиндагӣ падрудгуфтагон бачаҳои ноболиғ мебошанд. Додситонии Суғд дар натиҷаи омӯзиш муайян кардааст, ки 22 нафар бар асари носозиву гирифторӣ ва муноқишаҳо дар оила, 11 тани дигар бар асари бемориҳои рӯҳӣ аз ҷони худ бо худкушӣ даст кашидаанд. Аммо дар мавридҳои дигар сабабҳои аслии худкушӣ рӯшан нашудааст .

Аммо чизе, ки нигаронкунанда аст, мегӯяд Орзу Ғаниева, корманди созмони ҷамъиятии «Гулрухсор» дар Хуҷанд, бештари афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, ҷавонанд. Созмони «Гулрухсор» ба омӯзиши сабаб ва ангезаҳои худкушии ҷавонон машғул аст ва Орзу Ғаниева аз натиҷагирии қаблии ин таҳқиқ мегӯяд:
« Ба рохи худкушӣ рафтани ҷавонон ва занон ин аз поймолкунии ҳуқуқи онхо ва зӯроварӣ нисбати онҳо дар оила мебошад.»

Аммо он чӣ боиси рӯй додани низову муноқишаҳо дар хонавода мегардад, ба гуфтаи коршиносон, сахтии зиндагии имрӯзаи ҷавонони тоҷик, бекорӣ ва бемашғулиятӣ аст. Нӯъмон Раҷабзода, хабарнигори мустақил аз Хуҷанд меафзояд, ҳамин сабабҳо ҷавононро ба вартаи яъс ва ноумедӣ меандозад:
«Ба худкушӣ даст задани наврасону ҷавонон ин, пеш аз ҳама, дар он аст, ки шароити зиндагонӣ дар кишвар бениҳоят номусоид аст. Ва имрӯз 80 фисади мардум дар ҳолати фақр ва бенавоӣ зиндагӣ доранд ва ҳамчунин машғулиятҳо ва ҷойҳои кории муносиб нест.»

Вале Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд бар он аст, ки худкушӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон на танҳо ба паст будани сатхи иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Ба ақидаи вай, надонистани одоби оиладорӣ ба эҷоди низоъҳо дар хонаводаҳои ҷавон ва дар оқибат аз зиндагӣ дасту дил шустани баъзе аз онҳо меоварад.
«Баъзеҳо мегӯянд, ки ин аз камбизоатии мардум аст, албатта, ин баҳои нодуруст аст. Сабаб бошад имрӯз дар байни ҷавонон байни зану шавҳар муомилаҳои бад, рашк, хиёнат, ҳолати ғазаб сабаб мешавад, ки бисёр одамон ба худкушӣ даст мезананд. Ислом дини муборак аст, динест, ки ҳамаи ин корхоро маҳкум месозад

Аммо Азиза Мансурова - устоди кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, тарбияи нодуруст аз ҷониби волидайн ва паст будани маърифатнокии ҷавононро низ аз сабабҳои ба худкушӣ даст задани онҳо медонад
«Аксари волидони мо илми психологияро намедонанд. Дар тарбияи фарзанд аксари онҳо ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ, таъминоти оила аҳамият медиҳанд, аммо ҷиҳатҳои маънавӣ ва талаботи маънавии кӯдакро барои ташаккул додан кӯшиш намекунанд, ҳол он ки тарбия фақат дар хӯронидану пӯшонидани кӯдак нест. Баробари аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани кӯдак мо бояд, ки ба ташаккул ёфтани хусусиятхои писихологии онхо, ташаккул додани равандҳои маърифати ҳолатҳои эмосионалӣ ва ба хусусиятҳои инфиродии шахсии онҳо аҳамият диҳем.»

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд бар он назаранд, ки набудани ҷои кори дилхоҳ, номусоид будани шароити имрӯза дар кишвар ҷавонони тоҷикро ба роҳи даст шустан аз зиндагӣ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG