Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Додгоҳи олии Тоҷикистон ба доди Зойиров мерасад?


Раҳматулло Зоиров - раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистондар ду рӯзи қабл бо ирсоли як нома унвонии Додгоҳи олии Тоҷикистон хостори лағви қарори Камиссиюни марказии интихобот дар бораи натоиҷи интихоботи ахири президентии ин кишвар шуда буд.

Раиси ҲСДТ, ки ҳамзамон аз ҳуқуқдонони саршиноси ин кишвар низ дониста мешавад, бар ин бовар аст, ки ширкати Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ муғойир бо Қонуни асосӣ сурат гирифтааст ва бад- ин далел, қарори Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар мавриди натоиҷи ин маърака ғайриқонунӣ мебошад.

Сайфиддин Пиров- муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Озодӣ гуфт раиси Додгоҳ ва муовини вай аз мӯҳтавои номаи шикоятии Раҳматулло Зоиров огаҳ шудаанд вале марҳалаи омӯзиши ин нома дар додгоҳ то ҳанӯз идома дорад.

Mуовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамаи ҷавониби зидахли қазия аз ҷумла ҳизби халқӣ-демократӣ ба унвони созмони сиёсие,ки номзадии Эмомалӣ Раҳмоновро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардааст , Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ҳамчун ниҳоди масъули интихоботӣ бо мазмуни номаи мазкур қабл аз шурӯи мурофиа огаҳ карда хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест,ки Раҳматулло Зоиров- раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ӯ бо истифода аз ҳуқуқи қонунии худ ба додгоҳ шикоят бурдааст ва шикояти ӯ аз амалкарди Камиссиюни марказии интихобот аст,ки онро бар асоси қавонини кишвар бодя Додгоҳи Олӣ муҳокима кунад.

Дар ҳамин ҳол, Сайфиддин Пиров- муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон таъйид мекунад,ки додгоҳ ба ҳайси шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар ин кишвар мустақил аст ва дар чаҳорчӯби салоҳият ва ваколатҳои муқарраркардаи Қонуни асосӣ ба ин қазия расидагӣ мекунад. Аммо вай афзуд танҳо баъди анҷоми марҳалаи омӯзишии номаи шикоятии Раҳматулло Зоиров ва тасмими идомаи муҳокимаи он дар Додгоҳ замони мурофиа ва шахсияти додраси ин қазия маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG