Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SOS: Шумори мардикорони гирифтор ба СПИД дар афзоиш аст


Ахиран, дар пайи як таҳқиқоте, ки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бо Вазорати беҳдошт ва маркази илмию таҳқиқотии «Шарқ» доир кардааст, маълум шуд, ки аз 1000 муҳоҷири кории муоинашуда 2,2 дар сад, яьне 22 нафар гирифтори ВИЧ будаанд. Аз ин миён панҷ нафарашон занҳоянд.

Рухшед Раҷабӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе зимни сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, бо кӯмаки молии ин созмон дар Тоҷикистон 18 созмони ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст ва ҳадафи аслии ин марокиз ҷилавгирӣ аз густариши бемории ВИЧ миёни муҳоҷирони корист.

Рухшед Раҷабӣ: «Мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва СПИД мебошад. Ҳоли ҳозир дар ин 18 ташкилоти ғайридавлатии мо 177 корманди саҳроӣ амал мекунанд ва зиёда аз 500 ҳазор аҳолӣ аллакай маълумотнок карда шуданд. Инчунин мақсад дорем, ки аз ҷумлаи худи муҳоҷирони корӣ то охири соли ҷорӣ зиёда аз 1000 нафарро ба ин кор сафарбар намоем.»

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола 635 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик барои мардикорӣ берун аз кишвар мераванд ва ноогоҳии тиббӣ, шароити номусоиди корӣ, сабти қонунӣ надоштанашон боиси даст задан ба амалҳои барои саломатӣ хатарзо мешавад. Моҳинисо Шоназарова, сарвари созмони ғайриҳукуматии «Ахтари бахт» мегӯяд, аксари гирифторон муҳоҷирони кориянд ва дар ҳиҷрат ба бемории ВИЧ мубтало шудаанд.

Моҳиннисо Шоназарова: «Бинед, ки то авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ СПИД дарТоҷикистон асосан ба воситаи сӯзандору паҳн мешуд, вале хеле кам буд, аз рӯзе, ки муҳоҷирати меҳнатӣ сар шуд, ба воситаи алоқаи ҷисмонӣ паҳн мешавад ва шумораашон зиёд шудааст. Муҳоҷирон ҳамсаронашонро низ мубтало мекунанд.»

Ин дар ҳолест, ки ахиран сандуқи байналмилалии мубориза бо бемории ВИЧ СПИД тасмим гирифтааст, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ба Тоҷикистон 12 миллион $ ихтисос диҳад. Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ВИЧ тарҳи стротежии мубориза бо ин бемориро таҳия кардаанд.

Бар асоси иттилоъи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ - СПИД, феълан шумори мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон аз 680 нафар афзун аст.
XS
SM
MD
LG