Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии номаи раиси ҲСДТ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон


AG

Масъулини Додгоҳи олии Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки номаи шикоятии Раҳматулло Зойиров -раҳбари Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба инобат мегиранд ва баррасии он бо ширкати шахси ҷаноби Зойиров, намояндагони Ҳизби халқӣ демократӣ ва КМИР сурат хоҳад гирифт.


Сайфиддин Пиров- муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, раиси Додгоҳ ва муовини вай аз мӯҳтавои номаи шикоятии Раҳматулло Зоиров огаҳ шудаанд вале афзуд омӯзиши нома дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.


Раҳматулло Зойиров - раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ду рӯз қабл бо ирсоли як нома унвонии Додгоҳи олии Тоҷикистон хостори лағви қарори Комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар дар бораи натоиҷи интихоботи ахири президентии ин кишвар шуда буд.


Ҳамзамон, раиси ҲСДТ, ки ҳамчунин аз ҳуқуқдонони саршиноси Тоҷикистон низ дониста мешавад, бар ин бовар аст, ки ширкати Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ алорағми муқаррароти Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ба ин далел, қарори КМИР дар мавриди натоиҷи ин маърака ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG