Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мухолифи фурӯши медалҳои Шӯравӣ дар музоядаи Сотби


Мақомоти Русия аз масъулини музоядаи маъруфи бритониёии Сотби тақозо карданд, то фурӯши нишону медалҳои аҳди Шӯравиро, ки барои ҳафтаи оянда барномарезӣ шудааст, бекор кунанд.


Оҷонсии федеролии ҳимоят аз мероси фарҳангии Русия гуфтааст, ки хариду фурӯши нишонҳои давлатӣ дар ин кишвар як амали ғайриқонунӣ аст ва аз ин хотир, медалҳо метавонистанд бо роҳи ғайриқонунӣ ба берун бароварда шуда бошанд.


Сотби гуфтааст, қарор дорад, рӯзи 28 ноябр чандин медали қиматбаҳои Шӯравиро дар Лондон ба музояда гузорад.
XS
SM
MD
LG