Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиону 700.000 мубталои СПИД танҳо дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ


Дар қаламрави Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ имрӯз як миллиону 700 ҳазор нафар бо вируси заъфи масунияти бадан ба сар мебаранд.


Навад дар сади ин нафарон сокини Русияву Украина мебошанд. Чунин аст, хулосаи гузориши ахири дафтари СММ дар умури мубориза бо СПИД. Аксари кулли ин маризонро ҷавонони 15 то 30 сола ташкил медиҳанд.


Сӯзандоруҳои олуда ҳанӯз ҳам сабаби аслии афзоиши СПИД боқӣ мемонанд, ҳарчанд СММ мегӯяд, ки дар ин охирҳо, бо роҳҳои ҷинсӣ ин маризӣ бештар интиқол меёбад. Дар қаламрави Осиёи Марказӣ Узбакистон ба истилоҳ лидери нишондодҳои СПИД будааст, ин ҷо 31 ҳазор нафар олудаи ин маризӣ ба сар мебаранд.


Дар Тоҷикистон дасти кам 550 маризи мубтало ба СПИД ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG