Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Қазоқистон манзилҳои Ҳаре Кришнаро хароб мекунад


Як гурӯҳи норвежии дифоъ аз озодиҳои мазҳабӣ гузориш медиҳад, ки дар минтақаи Алматии Қазоқистон мақомот ба булдозер кардани танҳо замини кишти ҷамъияти Ҳаре Кришна дар қаламрави собиқ Шӯравӣ даст заданд.


«Форуми 18» аз қавли сухангӯи ҷамъияти Ҳаре Кришна Максим Варфоломеев овардааст, ки нирӯҳои пулис қабл аз шурӯъи харобкориҳо, ба замини кишти ин созмон, ки 48-гектар будааст, ҳамла бурданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки то нисфирузӣ се манзили пайравони Ҳаре Кришна тахриб шуда буд. «Форуми 18» мегӯяд, ки имрӯз ҳавои Алматӣ барфӣ буда, интизор меравад, шабона дараҷаи ҳарорат то 3 дараҷаи зери пойин фарояд.


Гузориши гурӯҳи мазкур ҳокист, ки афсари ҳуқуқи башари САҲА аз таҳаввулоти ин ҳодиса назорат мекунад. Чанде пеш мақомоти Қазоқистон ваъда доданд, ки тамоми талошҳоро барои хароб кардани ҷомеаи мазкур мутаваққиф хоҳанд кард. Аммо бо вуҷуди чунин ваъдаҳо, мегӯяд «Форуми 18», додгоҳи ноҳиявии Алматӣ чанд рӯзи пеш ҳукм намуд, ки он тахриб шавад.
XS
SM
MD
LG