Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинду Чин мушкилоти марзии худро ҳал мекунанд


Чин ва Ҳинд бо имзои як қарордоди муштарак ҷиҳати ҳалли низоъҳои марзии худ, ки соли 1962 боиси сар задани як ҷанги кӯтоҳмуддат шуда буд, иқдом карданд.


Чунин тавофуқ дар Деҳлии Нав, дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао ва нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ ҳосил шуд. Ҳар ду ҷониб таъкид карданд, ки бо вуҷуди мизони афзояндаи ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ин ду иқтисоди тавсеаёбанда, ҳалли масоили марзӣ аз мушкилоти муҳим байни Ҳинду Чин боқӣ мемонад. Зимни суханрониаш дар як нишасти матбуотӣ Манмуҳан Сингх гуфт, ки Ҳинду Чин барои то ҳаҷми 40 миллиард доллар расондани мизони тиҷорати дуҷониба талош хоҳанд кард.


Ҳу Ҷинтао бо як сафари чаҳоррӯза рӯзи душанбе вориди Ҳинд шуд. Баррасии масоили тиҷоративу иқтисодӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна ҳисси рақобату бадгумониҳо ҳадафи аслии ин диду боздидҳо ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG