Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи қотилини куштори Ҳакимшоҳ Ҳафизов


Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи афроди гумонбар ба қатли Ҳакимшоҳ Ҳафизов, раиси Донишкадаи низомии Вазорати дифоъи ин кишварро оғоз кардааст. Бино ба иттилоъи Шафқат Абдулхайров, раиси мурофиа Комилҷон Ҳусейнов ва Комилҷон Ботиров ду тан аз сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони ин кишвар дар куштори Ҳакимшоҳ Ҳафизов, раиси собиқи Донишкадаи низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон ба таърихи 27 январи соли 2006 муттаҳам дониста мешаванд.


Ҳамчунин додситонӣ алайҳи ин афрод дар заминаи ғоратгариву роҳзанӣ, терроризм, тасарруфи қудрат, убури ғайриқонунии марз ва нигаҳдории силоҳу муҳиммот айбнома пешниҳод кардааст. Бар асоси барррасиҳои қаблии гурӯҳи таҳқиқотӣ гуфта мешавад Комилҷон Ҳусейнов ва Комилҷон Ботиров ҳар ду аз ҷонибдорони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев ба ҳисоб мераванд.


Мақоми аршади низомии тоҷик генерал майор Ҳакимшоҳ Ҳафизов 27 январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе замоне,ки аз манзиди худ берун меомад ба зарби гулӯлаи афроди номаълум кушта шуд. Аз соли 1996 то замони кушта шудан Ҳ. Ҳафизов раиси Донишкадаи низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон буд. Аз ин пеш вай солҳои 1993-1996 раҳбарии ситоди низомии Маҳмуд Худойбердиевро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG