Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба милиса гап занӣ, талоқ мекунам"


«Ман дар зиндагӣ бисёр азоб кашидам. Бо оилаи шавҳарам якҷо зиндагӣ мекардем ва аз рӯи фарзандон латукӯб ҳам мекард бародари шавҳарам маро.»

Ин ҳарфҳоро бо дидаи тар Робия, як зани маскун дар пойтахти Тоҷикистон нақл кард. Ӯ мегӯяд, муносибати бади шавҳараш ва бо ҳар баҳона латукӯб кардани ӯ боис гашта, ки бародарони шавҳараш низ айни бархӯрдро нисбат ба ӯ раво бинанд. Робия мегӯяд, имрӯз розӣ аст, ба хотири наҷоти ҷони худ аз ин зӯровариҳо бори гарони тарбияи ҳар се фарзандашро бар дӯши худ гирифта аз шавҳар ҷудо шавад.

Бино бар натоиҷи як назарсанҷии созмони ғайридавлатии «Гурӯҳи рушди иҷтимоӣ» ва дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейсария, ки ба хотири омӯзиши вазъи хушунат нисбат ба занҳо ва коҳиш додани зӯровариҳои хонаводагӣ дар вилояти Хатлон доир кардаанд, дар ин вилоят беш аз 50 %-и занону духтарон гуфтаанд, ки дар хонавода ва асосан аз сӯи шавҳар таҳти хушунатҳои ҷисмониву равонӣ ва ҷинсӣ қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, беш аз 70 %-и занон ва 38 %-и мардон латукӯб дар оиларо зӯроварӣ намешуморидаанд ва як амри табиӣ медонистаанд.

Ва аммо чаро ин ду созмон омӯзиши вазъи хушунат нисбат ба занро маҳз аз вилояти Хатлон шурӯъ кардаанд?

Шаҳригул Аминҷонова, корманди дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейсария:
«Соли 1999 созмони ҷаҳонии беҳдошт як тадқиқоте гузаронид ва муайян шуд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ длар Хатлон муносибат нисбати занон боз бадтар гардидааст. Ва дафтари ҳамкорӣ ва рушди Швейсария тасмим гирифт, ки дар он ҷо баъзе барномаҳоро оид ба паст кардани сатҳи зӯроварӣ роҳандозӣ намояд.»

Бону Аминҷонова мегӯяд, зӯроварӣ ва ё хушунат нисбат ба занон натанҳо дар оилаҳои таҳсилнокарда, балки дар оилаҳои зиёиён ва мансабдорон низ зиёд ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, барои рафъи ин мушкил дар миёни ҳама қишрҳои аҳолӣ бояд кор бурд. Вале Искандар Усмонов, корманди «Гурӯҳи рушди иҷтимоӣ» мегӯяд, имрӯз бояд бо навсли наврас ва ҷавонон, ки шоҳиди ин зӯровариҳои оилавиянд, бештар кор бурд.
«Имрӯз мо кӯдаконе, ки шоҳиди зӯроварӣ ҳастанд онҳоро бояд эҳтиёт кунем, мафкураи онҳоро бояд иваз кунем. Мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки зӯроварӣ ҷиноят аст

Қурбон Олимов, сардори шӯъбаи роҳбарии нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, занон дар чунин маворид ба мақомоти интизомӣ камтар муроҷиат мекунанд:
«Рӯйпуш мекунанд ва ин як сабаб дорад. Худи ман шоҳиди ҳамин кор шудам, ки зан аз ҷониби шавҳар мавриди зӯроварӣ қарор гирифтааст, вале шавҳар ба ӯ таъкид кардааст, ки агар ба мақомоти корҳои дохила муроҷиат кунад, вайро талоқ медиҳад. Ин яке аз усулҳое аст, ки занҳо метарсанд.»

Дар ҳамин гузориш, бо зикри ин ки аз соли 2001 то соли 2004 -ум 344 зан даст ба худкушӣ даст задаанд, гуфта мешавад, як иллати аслии худкушии занҳо хушунат дар оила будааст.
XS
SM
MD
LG