Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири самти ҳамкории Ҷопон бо Тоҷикистон


21- ноябр дар ин замина даҳ қарордод миёни сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ба имзо расид. Хироши Такахашӣ, кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон гуфт, то кунун кӯмакҳои Ҷопон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирифт, аммо ин бор ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, мустақиман бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкорӣ кунад: «Ёрии мо он қадар зиёд нест, вале мо хостем мушкили мардумро якҷоя бо худи онҳо баррасӣ ва ҳал кунем. Мо ҳамеша дар хидмати халқи тоҷикем».

Кӯмаки бебозгашти ҳукумати Ҷопон аз васоити фаннии поксозии роҳ яъне булдозер ва экскваторҳо иборат аст, ки барои навоҳии кӯҳистони вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои Айнию Тавилдара пешбинӣшудааст.

Алимамад Ниёзмамадов, раиси ҳукумати вилояти Бадахшони Кӯҳӣ гуфт, ироаи ин кӯмакҳо барои рафъи авоқиби табиъӣ бисёр муҳим будааст.«Мо ба ҳама чиз ниёз дорем. Чунки вазъияти фавқуллода дар кадом фасле набошад, дар Бадахшон ҳаст. Масалан, дар тобистон обхезӣ, дар тобистону баҳор сел мефарояд ва дар зимистон - тарма».

Бино ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ҳукумати ин кишвар аз соли 1996 то кунун ҳудуди 12 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯмакҳои бебозгашт расонидааст.
XS
SM
MD
LG