Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари дорои давлатдории худкома?


Назар ба навиштаи бахши таҳқиқи маҷаллаи британиявии "Экономист", Шветсия ба соли нави 2007-ум ҳамчун демократитарин кишвари олам қадам мегузорад. Муаллифони гузориш ба истилоҳ индекси демократия дар 167 кишвари оламро муайян намуда, дар гузорише зери унвони "Ҷаҳон дар соли 2007-ум" кишварҳоро ба чор гурӯҳ ҷудо кардаанд:

Дар ҷои аввал 28 кишвар бо низоми демократии комил, дар ҷои дуюм 54 кишвари дорои низоми демократии нуқсондор, дар ҷои сеюм 30 кишвар бо низомҳои давлатдории дурага ва билохира дар ҷои чорум режимҳои худкомаи 55 кишвар ҷамъбандӣ шудааст. Ба ақидаи муаллифони гузориш, аз нуқтаи назари шумора ҳамагӣ 13 дар сади аҳолии олам дар низомҳои демократӣ ва наздик ба 40 фоизи дигари башарият дар зери ҳукми худкома ва ё авторитарӣ ба сар мебаранд.

Дар ҳоле, ки Шветсия ва пас аз он Исландияву Ҳолланд дар раъси раддабандии демократии дунё ҷойгир шудаанд, ИМА дар ҷои 17-ум, Британия дар ҷои 23 -ум ва Фаронса дар ҷои 24-ум, дар поёни гурӯҳи кишварҳои дорои низоми демократии комил ҷой гирифтаанд.

Ба ақидаи бахши таҳқиқи "Экономист", заволи озодиҳои шаҳрвандӣ ва баъзе нокомиҳои ҳукумат боиси заиф гардидани мақоми ИМА дар гузориши имсола шудааст. Дар Британия муаллифони гузориши "Экономист" коҳиши тааҷҷубовари ширкати мардум дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳамроҳ бо он инқирози баъзе озодиҳои шаҳрвандиро ташхис намудаанд. Дар гузориш Кореяи Шимолӣ кишвари худкома унвон гирифта, баъд аз ҳама 167-ум ҷоро ишғол намудааст.

Дар ин банду баст Тоҷикистон дар ҷои 149-ум мавқеъ гирифтааст. Барои қиёс метавон гуфт, ки бахши таҳқиқи "Экономист" индекси демократии Қазоқистонро дар ҷои 120-ум, Узбакистонро дар ҷои 160 ва Туркманистонро дар ҷои 162-ум гузоштааст. Хулоса, чор кишвари собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи кишварҳои дорои давлатдории худкома мавқеъ гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон ҳамроҳ бо Русия, Гурҷистон ва Арманистон дар байни кишварҳои дурага сабт шудааст. Дар ин кишварҳо ҳам унсурҳои давлатдории демократӣ ва ҳам авторитарӣ ба назар мерасад.

Дар байни кишварҳои демократии нуқсондор бошад, собиқ ҷамоҳири шӯравии Эстония, Литва, Украина ва Молдоваро пайдо кардан мумкин аст. Аксари кишварҳои собиқ коммунистии Аврупои Шарқиву марказӣ низ ба ҳамин гурӯҳ шомил шудаанд.

Аммо ба ақидаи муаллифони гузориши "Ҷаҳон дар соли 2007-ум"-и бахши таҳқиқи маҷаллаи британиявии "Экономист" дар ҷумҳурии Чех ва Словения низоми демократии комил рӯи кор аст.

Ҳамин манбаъ афзудааст, ки баъди даҳсолаҳои пешрафт ва тавсеаи демократия дар саросари олам тамоюли сустшавии ин ҳаракат ба чашм мехӯрад. Аз даҳ кишваре, ки муаллифон мавриди муқоиса бо соли пеш қарор доданд, дар нӯҳ мамлакат пажӯҳиш натиҷаи манфӣ ба бор овард.

Индекси демократияи бахши таҳқиқи маҷаллаи "Экономист" бар пояи пажӯҳиши 60 нишондиҳандаи шомили панҷ қисмати бузург тартиб дода мешавад:
1. Интихоботи озоду одилонаи дорои рақобат;
2. Озодиҳои шаҳрвандӣ;
3. Ҳукумати қодир ба татбиқи қонунҳои демократӣ;
4. Фарҳанги сиёсӣ ва
5. Ширкати мардум дар ҷараёни давлатдорӣ;

То ҳанӯз дар масъалаи андозагирии демократия дар байни олимону сиёсатмадорон мувофиқат ҳосил нашудааст, вале ҳар яки мо метавонем бо муқоисаи панҷ унсури зарурии ҷомеаи демократӣ ба ҳамон хулосае ояд, ки маҷаллаи "Экономист" ба табъ расондааст.
XS
SM
MD
LG