Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маҳкумияти аъзои "Ҳизбуттаҳрир" дар Хатлон


Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус,170-километрии ҷануби Душанбе, ду сокини ноҳияро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизби таҳрир» равонаи зиндон кардааст. Турсунмурод Сувонқулов ва Ҳамроҳ Элмуродов мутаносибан ба 10 ва 6 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Абдулаҳади Қурбониён, ёвари додситони вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, афроди муттаҳам авоили соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амниятии Хатлон боздошт ва аз онҳо шумори зиёди адабиёти мамнӯъаи марбут ба «Ҳизби таҳрир» мусодира гардид. Ҷаноби Қурбониён дар ин робита гуфт:


«Фақат аз шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус адабиёти мамнӯъро паҳн мекарданд ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, беш аз 55 китобу варақаи экстремистии алоқаманд ба «Ҳизби таҳрир» бо номи «Ҳизбуттаҳрирнинг исломий умматтига», «Хусусан ундаги қувват аҳлига қилган муроҷиати», «Ислом низоми» ва ғайрамусодира шудааст»


Аксари ин китобу варақаҳо ба забони ӯзбекӣ таълиф шудаанд. Ҳамзамон авохири ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ се узви «Ҳизби таҳрир»-ро ба зиндон маҳкум кардааст.
Маҳмадсаид Насимов, корманди бахши назорат ва таҳқиқи кори мақомоти интизомӣ дар додситонии Хатлон гуфт, Шарифхол Норов, ки роҳбарии ин гурӯҳи муташшаккилро ба дӯш доштааст, 6 сол, Маҳмадӣ Урозов ва Обид Муҳаммадҷонов ҳар яке 2-солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.


Як ҳамдасти ин гурӯҳ тибқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст. Ҷаноби Насимов мегӯяд, афроди муттаҳам ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва барои тарғиби «Ҳизби таҳрир» ҷазо гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои додгоҳи вилояти Хатлон, соли ҷорӣ дар қаламрави ин вилоят 8 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъаи «Ҳизби таҳрир» равонаи зиндон шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG