Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Осиё - 2007: 16 даста - дар қисмати ниҳоӣ


Мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Осиё - 2007 ба поён расид.

Шонздаҳ дастаи мунтахаби миллии кишварҳои зерини қора ба қисмати ниҳоии мусобиқот, ки аз 7 то 29 июли соли 2007 дар чаҳор мамлакат - Индонезия, Малайзия, Тайланд ва Вйетнам баргузор мешавад, роҳ ёфтанд: Узбакистон, Индонезия, Малайзия, Тайланд, Вйетнам, Австралия, Чин, Ирон, Ироқ, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Уммон, Қатар, Арабистони Саъудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн.

Маросими қуръакашӣ 19 декабри соли 2006 дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур доир шуда, дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд.
XS
SM
MD
LG