Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Тими футболи «ХИМА»-и Душанбе, ки дастаи «Ориёно»-и Душанберо бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

«ХИМА» ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош мекунанд. «ХИМА», ки дар 21 бозӣ 51 имтиёз ба даст овардааст, дар охирин дидори худ рӯзи шанбеи 25 ноябр бо СКА «Помир»-и Душанбе қувва меозмояд. Воқиъан, ҳамлагари «ХИМА» Сӯҳроб Ҳамидов бо 18 гол миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар мақоми аввал мебошад.

«Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба ҳарифи аслии худ се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз мақоми дуввумро касб кардааст. Бозигарони шаҳри Турсунзода як бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва сетоашро дар майдони худ бо тимҳои «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ, «Ориёно»-и Душанбе ва CSKA-и Душанбе анҷом хоҳанд дод.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки дар 20 дидор 41 имтиёз ба даст овардааст, дар мақоми севвум қарор дорад. «Вахш» ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти медолҳои биринҷии мусобиқот мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG