Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Деҳоти Тоҷикистон муттаҳид мегарданд.


Асрор Ҳамдамов раҳбари ҷамоаи Дарғи ноҳияи Айнӣ,яке аз 27 деҳоти узви Эътилофи ҷамоаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ мегӯяд, аслан дар деҳоти кӯҳистони минтақа, захоири бузурги нерӯи корӣ ва зерсохтҳои тавлидотӣ вуҷуд дорад, вале бинобар иртиботи заъиф аз ин захоир босамар истифода намешавад. Назари оқои Ҳамдамов дар мавриди мушкилоти деҳоти кӯҳистон дар ҳоле садод медиҳад, ки ҳамоиши панҷуми Эътилофи ҷамоаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар Душанбе шурӯъ ба кор кардааст.

Эшонбек Мусохоҷаев, раҳбари Эътилофи мазкур гуфт дар эътилоф, ки ҳудуди чаҳор сол қабл таъсис шудааст, деҳоти кӯҳистони се кишвари Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Ӯ мегӯяд Эътилофи деҳоти кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар қолаби Эътилофи Алп бунёд шудааст ва ҳадафи он эҷоди иртибот миёни деҳоти кӯҳистони ин кишварҳо, табодули таҷриба, истифода аз манобеи истифоданушадаи ин манотиқ ва ҳамчунин ҳимоят аз мардуми фақири деҳоти кӯҳистон мебошад: «Ин созмон дар заминаи афкори мардуми деҳоти кӯҳистон бунёд шудааст.Зеро аксари деҳоти кӯҳистони дурдаст, камбуди дастрасӣ ба манобеи иттилоъ доранд, таҷрибаву дониши кофӣ надоранд, сокинони ин деҳот чи гуна мусоидатнамудан ба рушди ҷамои худро намедонанд. Ва мо ба хотири рушди ин деҳот тасмим гирифтем ин деҳотро дар як эътилоф муттаҳид созем, то онҳо бештар ба ҳам мулоқот намуда, табодули таҷриба ва дониш дар самтҳои мухталифи рушди ҷомеаи худ намоянд ва аз барномаҳои амалинамудаи мо дар ин деҳот огоҳ шаванд».

Дар ҳамин ҳол Зуҳриддин Муҳиддинов, ноиби раҳбари Эътилофи деҳоти кӯҳистони Осиёи Марказӣ гуфт,тавассути ин эътилоф мо барномаҳои мухталифи пуштибонӣ аз мардуми деҳоти узви ин эътилофро ба созмонҳои байналмилӣ пешниҳод карда ва барои мисол дар деҳоти Тоҷикистон ба иҷрои ин тарҳҳо муваффақ гаштем. Ин дар ҳолест, ки Талабшо Пирумшоев, раиси ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод аз тарҳои хеле оддӣ ва пурсамари ин эътилоф дар бахши чорвопарварӣ истиқбол кард.

Феълан дар ҳамоиши Эътилофи деҳоти кӯҳистони Осиёи Марказӣ номзадии ду деҳаи дигари Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба ин эътилоф пешбарӣ шудааст. Дар сурати пазируфт теъдоди деҳоти узви ин эътилоф аз Тоҷикистон ба 11 расида ва низ аз барномаҳои мухталифи рушди манотиқи кӯҳистон бархӯрдор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG