Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба зиндон маҳкум кард.


Мақомоти расмии Ӯзбакистон мегӯянд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон Муродулло Ҷӯраевро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи ин кишвар ба 15 соли зиндон маҳкум кардаанд. Маъмурони амниятии Ӯзбакистон ин нафарро Ҷеймс Бонди тоҷик номида ва гуфтаанд, ки ӯ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дастур гирифтааст, то чанд нафарро дар Ӯзбакистон ба қатл расонад. Аммо пеш аз анҷоми ин амалаш дастгир шудааст.


Ба қавли мақомоти ӯзбак, Муродулло Ҷӯраев пештар дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои дохилӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора расонаҳои давлатии Ӯзбакистон, аз ҷумла шабакаи аввали телевизиони ин кишвар хабар дод. Ҳафтае пеш мақомоти Ӯзбакистон панҷ нафари дигарро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG