Пайвандҳои дастрасӣ

Такзиби хабари қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


мс

Додситонии шаҳри Маскав хабари кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар мавзеъе дар ҷануби Маскавро такзиб кард. Светлана Перренко, дастёри додситони шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳувияти мақтул то охир шиносоӣ нашудааст ва бино ба бозрасии муқаддамотӣ шахси кушташуда шаҳрванди Узбакистон аст, на табаъаи Тоҷикистон.


Хабаргузории Интерфакси Русия имрӯз (20 ноябр) дар бораи кушта шудани як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон дар Маскав хабар дода буд. Бино бар хабари Интерфакс, дар ҷануби шаҳри Маскав, дар ҳудуди боғи Садовники ҷасади як мард бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст. Хабаргузорӣ аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақтулро шаҳрванди Тоҷикистон ба қалам дода буд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG