Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар манзили муҳоҷирон дар Сибир


Намояндаи расмии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Елена Мамадаминова аз остони Ханти Мансии минтақаи Сибир ба радиои Озодӣ хабар дод, ки шаби шанбе ба якшанбе дар пайи сӯхтор дар як вагончаи маскунӣ чор шаҳрванди Тоҷикистон: ду мард ва ду писарбачаи ҳашт ва даҳсола захм бардоштаанд.


Захм бардоштаанд:


Раҳматуллоев Рустам Абдусамадович (1974),
Раҳматуллоев Рустам Эминҷонович (1996),
Раҳматуллоев Абдурауф Эминҷонович (1998),
Исомиддинов Икром Ҳамидҷонович (1981)



Бону Мамадаминова ҳамчунин гуфт, маҷрӯҳон дар бемористони шаҳраки Нефтеюганск таҳти табобати пизишкон қарор доранд. Ӯ гуфт, онҳо захмҳои андаке бардоштаанд ва ба зудӣ шифо хоҳанд ёфт.


Моҳҳои январ ва феврали соли равон дар шаҳру вилояти Маскав беш аз 20 нафар ҷавонон ва занону кӯдакони муҳоҷири тоҷик дар пай се оташсузӣ ҷони худро аз даст доданд. Ба эътиқоди коршиносон, муҳоҷирон ба далели надоштани имкони ҳуқуқӣ ва молии зиндагӣ, аксаран дар ҷойҳои нообод маскан мегиранд ва гоҳе ин интихоб барои онҳо гарон хатм мешавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG