Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё боздошти Раҷаби Мирзо қонунӣ буд?


Раҷаби Мирзо, муншии Ҳизби демократ, Темур Тошев ва узви ҳизб Хайриддин Гуляев рӯзи 4 ноябр бо ҷурми роҳбарӣ дар тазоҳуроте, ки мақомот онро ғайриқонунӣ донистааст, дастгир шуданд. Ҷаноби Мирзо афзуд, барои баргузории пикет ё ҳамоиши эътирозӣ қонун ҷавобгариро пешбинӣ намекунад, аз сӯйи дигар, ба иддаъои ӯ, қонунҳои Тоҷикистон яксон нестанд ва зимнан мақомот онро ба гунаи барои худ мувофиқ шарҳ медиҳанд: «Духурагии қонунҳои Тоҷикистон эҳсос мешавад, яъне қонунҳои Тоҷикистон ба ҳамин тартиб сохта шудаанд, ки мақомот дар мавриди лозим метавонанд ба одамони ба худашон номуносиб онро истифода баранд»
Муовини раиси бахши Ҳизби Демократи Искандаров дар шаҳри Душанбе Хайриддин Гуляев мегӯяд, ҳамоиши эътирозии онҳо аслан сурат нагирифта буд ва қонун барои кӯшиши баргузории ҳамоши эътирозӣ муҷозот пешбинӣ намекунад: «Он қонуншиканӣ, ки ба сари мо бор карда шуд, аввал ин ки онро ҳамчун гирдиҳамоӣ муаррифӣ карданд, дуюм, вақте мо гуфтем, ки ин кори мо пикет буд ва он ҳам баргузор нашуда буд, инро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба инобат нагирифтанд. Рафти муҳокимаи судӣ ҳам ин буд, ки ба ғайр аз худи судя ва як корманди милиса дигар касе ҳузур надошт. Тавре ки ман медонам, суд бояд котиб дошта бошад, бояд дар он додситон, яъне айбдоркунанда ва вакили мудофеъ иштирок намоянд. Бояд додрас дар натиҷаи баҳси тарафҳо ба хулоса ояд, ҳукмашро содир кунад»

Ҳизби демократи Искандаров тасмим гирифтааст, ояндаи наздик ҷаласаи худро барпо намуда ва дар ин иртибот мавқеъгирӣ кунад. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Искандаров мегӯяд, садорати ҳизб азм дорад бо пахши як баёния аз мақомоти интизомӣ шарҳи боздошти аъзои ҳизбро рушан созад. Ҷаноби Валиев гуфт, боздошти демократҳо хилофи қонун будааст: «Дар банди 15-и қонуни гирдиҳамоиҳо танҳо дар бораи гузаронидан ё нагузаронидани демонстратсия (тазоҳурот) гуфта шудааст, на дар бораи пикет, ё эътироз. Аввалан эътироз баргузор нашудааст ва гузашта аз ин аъзои ҳизби моро на ҳамчун эътирозчиён, балки ҳамчун ташкилкунандагони тазоҳурот ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба маҳбас кашиданд»

Дар ҳоле, ки мақомоти Ҳизби демократи Искандаров ва иддае аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, боздошти аъзои ин ҳизб ғайриқонунист ва демократҳо барои доир кардани ҳамоиши эътирозӣ ё пикет ҳуқуқ доранд, ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов бар ин назар аст, ки мафҳумҳои тазоҳурот ва пикет ё ҳамоиши эътирозӣ аз ҳам фарқе надоранд, мутаносибан ҷавобгарӣ барои ташкили ғайриқонунии ин тадбирҳо дар қонун пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, эътирозгарон, тибқи муқаррароти қонун дар бораи маҷлисҳо, тазоҳурот ва гирдиҳамоии эътирозӣ бояд 15 рӯз қабл аз тасмимашон мақомоти зирабтро дар ҷараён мегузоштанд:
«Демонстратсия ва пикет ин як чиз аст, фақат шакли гузаронидани онҳо фарқ мекунад. Агар демонстратсия бо ҳаракат бошад, иштирокчиёни он аз як нуқта ба нуқтаи дигар ҳаракат кунанд, пикет дар як ҷойи муайян гузаронида мешавад ва ширкатдоронаш дар назди ҳамон бино дур намераванд, фикрашонро дар ҳамон ҷо баён мекунанд. Аз нуқтаи назари қонун бояд ташкилотчиёни он пеш аз гузаронидан ба ҳукумат оид ба доир кардани гирдиҳамоиашон, ки пикет ном доштааст, бояд маълумот медоданд»

Бо ин ҳама аъзои раҳошудаи Ҳизби демократ мегӯянд, дар мавқеъгирии сиёсии худ минбаъд низ устувор хоҳанд буд ва ин гуна ба истилоҳ, фишорҳо, ба рӯҳияи озодихоҳонаи онҳо асар нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG