Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибби оилавӣ дар Тоҷикистон


Дар Маркази навтаъсиси тибби оилавӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ман гуфтанд, нахустин панҷоҳ табиби Суғд пас аз хатми давраи шашмоҳаи вижаи омӯзишӣ дар ин марказ ба ҳайси табиби оилавӣ дар ду ноҳияи устон: Ашт ва Спитамен нав шурӯъ ба фаъолият кардаанд. Муслима Маҳмудова, як ҳамшираи шавқат аз деҳкадаи Шайдони ноҳияи Ашт аз ҷумлаи нафаронест, ки ба худ ихтисоси тозаи табиби оилавӣ касб карда ва мегӯяд, ин кори нав ба вай писанд омадааст:

Муслима Маҳмадова: «Ман акнун аз ҳамон рӯзе, ки кӯдак таваллуд мешавад, сар карда, дар тамоми умраш ба вай ёрии тиббӣ хоҳам расонд, яъне ҳолати тандурустии оилаҳое, ки вобастаи мост, ҳамеша дар таҳти назоратамон қарор хоҳад дошт.»


Фарқи тибби оилавӣ аз тибби анъанавӣ

Мафҳумҳои тибби оилавӣ ва табиби оилавӣ нав ба зеҳни сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла Суғд роҳ меёбад. Тибби оилавӣ аз тибби ба истилоҳ анъанавӣ чи фарқ дорад? Ин саволест, ки имрӯзҳо сокинони Суғд бисёр бар забон меоранд. Эҳсон Тоҷибоев - муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии таълими тибби оилавӣ дар Тоҷикистон тарзи хидматрасонии тибби оилавиро чунин шарҳ медиҳад :

Эҳсон Тоҷибоев: «Пеш чи хел буд? Кӯдак таваллуд мешуд, духтури кӯдакон нигоҳубин мекард, чордаҳ - понздаҳсола, ки мешуд, духтури наврасон медид, ба балоғат , ки расид, ба дасти духтури узвҳои дарунӣ мегузашт. Аммо акнун ҳама назорат ба дасти як гурӯҳ - духтури мутахассис ва ду ҳамшираи шафқат мегузарад. Ин сифати кори онҳоро баланд мебарад.»

Ба гуфтаи Зайнидин Орифӣ - ҳамоҳангсози маркази татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти тандурустӣ дар вилояти Суғд тибби оилавиро дар шароити кунунии Тоҷикистон ба тибби ба истилоҳ анъанавӣ, ки аз давраи Шӯравӣ мондааст, бартарӣ медиҳад:

Зайниддин Орифӣ: «Тибби оилавӣ аслан хоси кишварҳои қашшоқ аст. Барои ҳазору пансад нафар аҳолӣ як табиби оилавӣ ва ду ҳамшираи шафқат рост меояд. Ба табибони оилавӣ маблағ аз буҷаи давлат пардохта мешавад. Аммо ба шакли дигар - давлати Тоҷикистон ба ҳар сокини кишвар барои табобат аз буҷа маблағ ҷудо мекунад ва сокинон онро ба табибони оилавӣ пардохт мекунанд. Аз ин рӯ, маоши табибони оилавӣ аз ҳозира моҳонаи табибон ба маротиб баланд хоҳад буд.»


Назари табибони мухолиф

Аммо дар ҳоли ҳозир, ба иттилоъи Маркази тибби оилавӣ дар Суғд, ба ҳар панҷсад сокини вилоят як табиби соҳибихтисос ва низ як ё ду ҳамшираи шафқат рост меоянд. Моҳонаи миёнаи табибони тоҷик 37 сомонӣ аст. Ба гуфтаи табибон, набуди таҷҳизоти муосири тиббӣ, фароҳам набудани имкониятҳои такмили маълумоти ихтисосӣ ва ночизии маош сатҳи хидматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон поин бурдааст.

Вале оё ҷорӣ кардани хадамоти тибби оилавӣ вазъи табобат ва хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баландтар хоҳад бурд? Ҳамсӯҳбатонам - табибони дорои маълумоти олии тиббӣ аз як бемористон ва як ташхисгоҳи тиббии Хуҷанд ба ин бо шубҳа назар мекунанд:

«Ба фикри ман, ҳоло табибони мо ва сокинони Тоҷикистон ҳам ба тибби оилавӣ омода нестанд. Шароити мо мисли Амрикову Фаронса нест. Дар мо дар мӯҳлати шаш моҳ ҳатто духтури соҳибихтисос ҳам хонда, ҳам духтури кӯдакон, ҳам духтури калонсолон ва ҳам духтури занона шуда наметавонад.»
«Тибби оилавӣ мутобиқ ба талаботи давр аст. Аммо ҳар табиб соҳаи худашро хуб медонад. Дар бахшҳои дигар душворӣ мекашад. Бинобар ҳамин зарур аст, ки тайёрии табибони оилавӣ дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳо оғоз ёбад.»


Ба ҳамин тариқ, ба назари бархе аз табибони Суғд, ҷорӣ намудани хадамоти тибби оилавӣ ба ҷои тибби анъанавӣ ба гумон аст, вазъи хадамоти сиҳатиро беҳбуд бахшад. Ба ҳар ҳол, инро оянда нишон хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир, таҳти сарпарастии Иттиҳодияи байналмилалии рушд, мутааллиқ ба Бонки ҷаҳонӣ дар ду ноҳияи Суғд: Ашт ва Спитамен ба таври озмоишӣ тибби оилавӣ ҷорӣ мешавад ва ба гуфтаи масъулини ин барнома, то соли 2010 бояд анҷом ёбад. Барои татбиқи барномаи тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ беш аз 17 миллион доллари ИМ воми бебозгашт ихтисос дода шудааст. Ҳамзамон бо мусоидати молии Оҷонси рушди байналмилалии Иёлоти Маттаҳида - Юсаид ва Бонки рушди Осиё дар навоҳии Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ ва Конибодому Исфара низ марказҳои тибби оилавӣ боз шудаанд.
XS
SM
MD
LG