Пайвандҳои дастрасӣ

ФСБ собиқ корманди худро заҳр додааст?


Александр Литвиненко, собиқ ходими КГБ ва мунаққиди Кремл зери назорати афсарони полиси шаҳри Лондон аз заҳре, ки дар бадани ӯ ошкор кардаанд, табобат мегирад. Александр Литвиненко мегӯяд, ӯ якуми ноябр баъди мулоқот дар як ресторани Лондон бемор шуд. Шахсе, ки ӯро ба мулоқот даъват кард, иддао доштааст, ки дар бораи куштори рӯзноманигори рус Анна Политковская маълумот дорад.

Табибони Литвиненко мегӯянд, ки бар пояи озмоишҳо метавон гуфт, ки Литвиненкоро бо талий заҳролуд кардаанд. Ин модда дар истеҳсоли марги муш мавриди истифода қарор мегирад.

Литвиненко шаш сол пеш аз Русия фирор кард. Ӯ исрор меварзад, ки собиқ раҳбаронаш дар Хадамоти амнияти федералии Русия ба ӯ амр доданд, душмани Кремл: сармоядори рус Борис Березовскийро ба қатл расонад.
Литвиненко китобе навишта дар он хадамоти амниятии Русияро бо тарҳрезии таркиши хонаҳои бисёрошёнаи Маскав дар соли 1998 муттаҳам кардааст. Мақомоти Русия таркишҳои хонаҳоро ба ҷудоихоҳони чечен иртибот дода, ҷанги дуюми Чеченистонро оғоз намудааст. ФСБ тамоми айбномаҳои Литвиненкоро рад мекунад. Вале ошнои ӯ Алекс Голдфарб бар ин бовар аст, ки Литвиненкоро хадамоти амниятии Русия заҳролуд кардааст.

Тахмин мешавад, ки якуми ноябр дар ресторани Лондон Литвиненко бо профессори италиявӣ Марио Скамарелла вохӯрда буд. Номбурда бо хадамоти амниятии Русия ва Италия иртиботи зич дорад. Ба қавли Литвиненко, Скарамаелла ба ӯ гуфта буд, ки дар бораи куштори Политковская тафсилоти ҷиддӣ дастрас намудааст.

Литвиненко: "Аснод ба англисӣ буд. Ман онро ба тафсил аз назар нагузаронда будам. Вале дар он иттилоъ дар бораи шахсе буд, ки эҳтимол яке аз қотилони Политковская мебошад. Дар он гуфта мешуд, ки ин шахс афсари хадамоти амниятист ва дар Чеченистон ифои вазифа мекунад."

Заҳролудкунии Литвиненко ҳамлаҳои давраи Шӯравиро ба хотир овардааст. Соли 1978 дар Лондон озодандеши булғорӣ Георгий Марков бо зарбаи чарти заҳролуд кушта шуда буд. Ҳамин гуна дар арафаи интихоботи президенти Украина президенти ҳозираи ин кишвар Виктор Юшенкоро заҳролуд карда буданд.
XS
SM
MD
LG