Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Тони Блер аз Афғонистон


Дар Кобул сарвазири Британия Тонӣ Блер изҳор намуд, бидуни кадом чорчӯби вақтӣ кишвараш ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Аснои сӯҳбат дар нишасти муштарак бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай, Блер даъват кард, ки кишварҳои узви паймони НАТО ба ӯҳдадориҳояшон дар мавриди кӯмак ба Афғонистон тамаркуз намоянд.


Пеш аз нишасти матбуотӣ Блер аз пойгоҳи асосии низомиёни Британия дар вилояти Ҳилманд дидан кард. Панҷ ҳазор сарбози британиявӣ асосан дар ҷануби Афғонистон, дар манотиқи муқовимати рӯзафзуни Толибон, мустақар мебошанд. Пеш аз боздиди Афғонистон сарвазири Британия дар Покистон бо раисҷумҳури ин кишвар Парвез Мушарраф идомаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва тундгароии диниро арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG