Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми кори кумисюни таҳқиқи қазияи Омурбек Тикебоев


Бишкек

Кумисюни вижае, ки амали тахрибкоронаи зидди Омурбек Тикебоев-вакили порлумони Қиргизистон ва яке аз раҳбарони ҷунбиши «Барои ислоҳот»-ро мавриди таҳқиқ қарор дода буд, аз анҷоми кори худ хабар додааст.


Аммо намояндагони мухолифи президент Боқиев аз кори ин кумисюн розӣ набудаанд. Дар ҳамин ҳол, Шомарал Майчиев-узви ҳайати кумисюни вижаи таҳқиқи қазияи Тикебоев гуфтааст, кори он ба таври комил анҷом нагирифтааст ва ҳанӯз як идда суолҳое боқист, ки посухи худро пайдо накардаанд.


Ба гуфтаи Мадад Садирқулов, муовини аввали раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, натиҷаи таҳқиқи қазияи Тикебоев ба Додситонии кулли ин кишвар ироа хоҳад шуд. Оқои Садирқулов гуфт, маҳз Додситонии кулл метавонад ба ин қазия баҳои воқеъӣ диҳад.


Омурбек Тикебоев бар ин назар аст, ки мардуми кишвараш амали тахрибкорона алайҳи ӯро таъқиби гуногунандешӣ ва озори намояндагони мухолиф арзёбӣ хоханд кард.


Мелис Эшимхонов-вакили порлумон ва узви кумисюни вижаи таҳқиқи қазияи Омурбек Тикебоев мутмаин аст, ки шахсони дар ин амали тахрибкорона даст дошта ба ҳеч ваҷҳ боздошт ва ба ҷазо маҳкум нахоханд шуд. Ӯ гуфтааст, ба дунболи ин аъзои кумисюни вижа кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, ки фақат эътибори хонаводагии президент Боқиевро ҳифз намоянд.
Мирасрори Фарғонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG