Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми хотираи Султон Мирзоев


Рӯзи душанбеи 20 ноябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти Тоҷикистон мусобиқоти дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти ҷоми хотираи Султон Мирзоев, собиқ бозигари тимҳои «Помир»-и Душанбе ва «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа оғоз шуд.

Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, ҳаштумин давраи ин мусобиқоти анъанавӣ ба ҷашни 60-солагии зодрӯзи зиндаёд Султон Мирзоев бахшида шудааст. Вай афзуд, бозиҳо дар ду гурӯҳ бо ширкати 8 даста аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст. Чаҳор дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Барандаи ҷоми хотираи Султон Мирзоев рӯзи ҷумъаи 24 ноябр муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG