Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар шаҳри Маскав як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон кушта шудааст.


Хабаргузории русии Интерфакс бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия хабар додааст, ки дар ҷануби шаҳри Маскав, дар ҳудуди боғи Садовники ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст.


Хабар ҳокӣ аз он аст, ки дар гардани ҷасад чаҳор захми корд ва дар бадани майит осори лату кӯб мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG