Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Осиёӣ: Тоҷикистон 0 : 0 Урдун


Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон нахустин дидорашро дар мусобиқоти пешакии гурӯҳии Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар дар шаҳри Доҳа бо тими Урдун бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом дод.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Қирғизистон бар тими Макао бо натиҷаи 7 бар 0 пирӯз шуд.

Гурӯҳи «В»:
Ироқ 6 - 0 Индонезия
Сингапур 0 - 0 Сурия

Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи сешанбеи 21 ноябр дар гурӯҳи «А» Қирғизистон бо Урдун ва Тоҷикистон бо Макао, дар гурӯҳи «В» Сурия бо Индонезия ва Сингапур бо Ироқ рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқот аз рӯи барномаи 15-умин давраи Бозиҳои Осиёӣ, ки аз 1 то 15 декабри соли 2006 дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа баргузор мешавад, 30 дастаи мунтахаби олимпии футболи кишварҳои қора ширкат хоҳанд кард. Бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти пешакӣ 8 дастае, ки дар бозиҳои пешин иштирок надоштанд, дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» - Урдун, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Макао ва ба гурӯҳи «В» - Сингапур, Сурия, Индонезия ва Ироқ дохиланд. Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба қисмати ниҳоӣ роҳ ёфта, ба қатори 22 дастае, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, ҳамроҳ мешаванд. Минҷумла, ғолиби гурӯҳи «А» бо тимҳои олимпии Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG