Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Дидбони Ҳуқуқи Башар аз муҳокимаи Саддом


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) муҳокимаи Саддом Ҳусайн раҳбари пешини Ироқро, ки бо гуноҳи ҷиноят алайҳи башарият ба марг аз роҳи ба дор овехтан маҳкум шуд, танқид кардааст.
Дар як гузориши тақрибан сад саҳифагӣ, ки Human Rights Watch рӯзи душанбе нашр кард, ин созмон мегӯяд, ки додгоҳи Саддом Ҳусайн ончунон дорои камбудиҳои ҷиддӣ буд, ки муҳокимаи одилонаро ғайримумкин кард.


Ҳамчунин гуфта шудааст, ки додгоҳ ҳуҷҷатҳои муҳимро пешакӣ дар ихтиёри вакилони дифоъ нагузошт ва ҷараёни додгоҳро ба таври хаттӣ сабт накард. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин гуфтааст, додрасони ироқӣ таҷрибаи бурдани чунин муҳокимаи печидаро надоштаанд. Ин созмон аз ҳукумати Ироқ даъват кардааст, иҷоза диҳад, то дар муҳокимаҳои ояндаи Саддом Ҳусайн ҳуқуқдонҳои ботаҷрибаи байналмилалӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG