Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони нархҳо дар бозори манзил. Бахши аввал


Бозори манзил чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тайи солҳо ва ҳатто моҳҳои охир шоҳиди болоравии бесобиқаест. Барои мисол, дар пойтахти Тоҷикистон тайи чанд соли гузашта нархи манзил бамаротиб боло рафта, ва ба назари коршиносон, ин раванд ба ин зудиҳо ҳадди ақал дар як ё ду соли наздик қатъ шуданӣ нест.

Латофат Иброҳимова, раҳбари ширкати хонафурӯшии "Лаза", ширкате ки чандин сол боз дар бозори манзили Душанбе фаъолият дорад, мегӯяд, нархи хона дар Душанбе дар ҳоли ҳозир дар муқоиса бо моҳи июн боз ҳам боло рафтааст: "Хонаи якутоқа дар марказ моҳи июн агар 21 - 22 000 доллар бошад, ҳозир ками камаш 25 000 ва ҳатто 27 - 28 000. Вобаста аз шароиташ ҳаимн қадар қимат шудааст. Ё инки хонаи дуутоқа. Агар дар маркази шаҳр дар қабати севвуми як сохтмони нӯҳошёна бо ҳама ҷиҳозу тармимаш харидуфурӯши мо дар моҳи июн 45 000 доллар шуда бошад, ҳозир дар сохтмони дувоздаҳошёна бетармиму беҷиҳоз 55 000 доллар арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари шаҳр, масалан, маҳаллаҳои 82, 91 ва ё 63 нархҳо нисбатан мӯътадилтаранд, ҳамагӣ аз 2 то 3 000 доллар боло рафтаанд."

Як далели афзоиши нархҳо албатта поён ёфтани мавсими муҳоҷират ва дар остонаи зимистон ба таври саросарӣ ба кишвар баргаштани муҳоҷирони тоҷик ҳам ҳаст, ки як бахши аъзамаш ҳама сахтиҳои мардикориро ба хотири аз ҷумла ҷамъ овардани пули хона таҳаммул мекунанд. Хонум Иброҳимова мегӯяд, ҳамин тавр қимати иҷораи хонаҳо низ пайваста боло меравад. Ба хусус дар маркази шаҳр ва ба хусус нархи иҷораи манзилҳое, ки тармими аврупоӣ ва бо тамоми ҷиҳози лозими рӯзгор муҷаҳҳаз шудаанд: "Бисёриҳо хонаҳоро харида, тармими аврупоӣ ва бо асбобу анҷоми замонавӣ муҷаҳҳаз мекунанд. Ин ҳама ба қимати иҷора табиист ки афзуда мешавад ва феълан, масалан қимати иҷораи моҳонаи як хонаи сеутоқа дар марказ аз 400 доллар оғоз шуда, вобаста ба шароиташ то 1000 доллар шудааст."

Ба ҳисоби мутахассисони риштаи сохтмон, ба маҳзи афзудани арзиши маводди сохтмон арзиши аслии ҳар метри мураббаъи манзили баландошёна дар Тоҷикистон дасти кам 600 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод ва табъан қимати манозили навро бояд аз ҳамин нуқта, яъне дасти кам 600 доллар барои ҳар метри мураббаъ ҳисоб кард.
Ва аммо ончӣ аҷиб аст, тақрибан ба ҳоли рокид даромадани харидуфурӯши ҳавлиҳо ба хусус дар маҳаллаҳои маскунии дар гузашта хеле мӯътабари наздик ба маркази пойтахти Тоҷикистон ва хонаҳоест, ки дар сохтмонҳои қадимаи ду ва сеқабатаи маркази шаҳр ҷой гирифтаанд. Латофат Иброҳимова, раҳбари ширкати "Лаза" мегӯяд, иллати ин сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли эҳёи нақшаи умумии тавсиъаи шаҳри Душанбест, ки ҳанӯз соли 1982 таҳия шуда, вале то кунун бидуни ҳаракат дар бойгониҳо хобида буд.

Ба назари таҳлилгарони бозори манзил болоравии нархи хона падидаи хоси танҳо пойтахт ва ё танҳо шаҳрҳои Тоҷикистон нест, балки ба ҳамин минвол нархи замин ва қимати ҳавлӣ ҳатто дар рустоҳо ба таври шигифтовар баланд меравад. Абдулвосити Олим, нафаре, ки дар шаҳри Хуҷанд ба тиҷорати манзил машғул аст, мегӯяд: "Шароит ва имконот дар манзилҳои шаҳрӣ сол ба сол бадтар мешавад: мушкили обу барқ, камбуди газ... Масалан газ агар солҳои пеш то 10 соат дода мешуд, ҳоло фақат ду соат тавзеъ мешавад. Вале бо ин вуҷуд нархҳо пайваста боло мераванд. Дар маркази шаҳри Хуҷанд хонаи якутоқа ҳоло 8-10 000 доллар қимат дорад, дар атрофи шаҳр бошад - то 5 000. Хонаи дуутоқа дар васати шаҳр то 15 000 арзиш дошта, сехонагӣ аз 20 000 доллар болотар аст. Дар атроф бошад, дуутоқа аз 12 000 ва сеутоқа аз 15 000 доллар болост."

Ба назари таҳлилгарон, бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва ҳиҷрати низ босуръати мардуми русто ба шаҳрҳо танҳо дар сурати тавсиъаи ҷиддии бозори вомҳои ҳипотекӣ ва ҳамин тавр зинда кардани сохтмони дар тӯли солиён карахтшудаи манзилҳои баландошёна метавон таносуби дар ҳоли ҳозир шадидан манфӣ байни арза ва тақозоро дар бозори манзили Тоҷикистон каме коҳиш дод.


Коршиноси барнома мо Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, дар солҳои навад ба маҳзи ҳиҷрати аҳолии умдатан русзабон, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ ба таври густарда ва асосан ба Русия кӯч бастанд, тавозун дар бозори манзили ҷамоҳири шӯравии собиқ як андоза ҳифз ва нархи манзил дар ин ҷамоҳир тайи чандин сол хеле ночиз шуд. Вале бо тамом шудани ҷараёни ҳиҷрати ин мардум нархи хона дубора ва бо суръати дучанд рӯ ба афзоиш овард.
Тоҳири Абдуҷаббор, ки бо мо аз Хуҷанд сӯҳбат мекард: "Шумори аҳолӣ бо суръат боло меравад. Аз сӯи дигар, фақру нодорӣ шумори ҳарчӣ бештари мардумро маҷбур мекунад, ки аз рустоҳо ба шаҳрҳо ҳиҷрат кунанд. Иллати дигар фасодзадагист ва мақомдорон пулҳои ғайриқонуниеро, ки ба даст меоранд, асосан ба харидани манзил масраф мекунанд. Ва муҳоҷирони тоҷик ҳам пулҳоеро, ки аз роҳи мардикорӣ дар ғурбат ба дасташон мерасад, барои харидории манзил хазина мекунанд. Дар сурати зинда кардани сохтмони хонаҳои баландошёна нархҳо, албатта, каме поён хоҳанд рафт, вале на он қадар, ки мизони сӯдоварии риштаи сохтмони манозилро камранг кунад. Ва ин ришта тайи солҳо як риштаи барои сармоягузорӣ сӯдовар боқӣ хоҳад монд. Вале нархҳо бояд каме поёнтар раванд, чунки феълан маоши мардум дар Тоҷикистрон хеле ночиз ва нархи хона хеле баланд аст."

Мо бзъи бозори манзил дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар бахши дуввуми ин вижагуфтор хоҳем пардохт.
XS
SM
MD
LG