Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушта шудани як марзбони узбак дар қаламрави Тоҷикистон


Дар минтақаи марзии байни Тоҷикистону Ӯзбакистон аз тири сарҳадбонони тоҷик як марзбони узбак кушта шудааст.Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт ҳодисаи мазкур дар натиҷаи аз сӯи марзбонони узбак вайрон кардани сарҳади давлатии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст


«Дар натиҷаи таҳқиқоти муштараки мақомоти марзбонии Тоҷикистону Узбакистон маълум гашт, гурӯҳи ҳафтнафарии марзбонони узбак рӯзи 16 ноябр симхорҳои хатти марзро, ки ҷониби Ӯзбакистон яктарафа бунёд кардааст, убур ва ҳудуди 150 метр вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Гурӯҳи марзбонони ӯзбак ба огаҳии марзбони тоҷик эътибор надодаанд. Баъдан марзбони тоҷик тавассути оташ кушодан ҷониби ҳаво онҳоро ҳушдор дод. Вале ин лаҳза марзбони тоҷик хатар ба ҷони худро эҳсос карда ба сӯи марзбонони узбак оташ кушод ва дар масофаи дусад метр як нафари онро ба ҳалокат расонд».


Мақомоти марзбонии тоҷик аз вуқӯъи ин ҳодисаи ба гуфтаи онҳо тасодуфӣ ибрози таассуф ва ба ҷониби Ӯзбакистон ва хонаводаи марзбони кушташуда изҳори ҳамдардӣ баён кардаанд.


Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ соли ҷорӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон бештар аз даҳ маврид даргирии низомиён бо шаҳрвандон сурат гирифтааст.
Тули марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон бештар аз 1000 километрро ташкил медиҳад ва феълан танҳо се яки ин масофаи марз аломатгузорӣ шудааст.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG