Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти панҷ нафар дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон


Имрӯз ( 17 ноябр) Додгоҳи низомии Узбакистон панҷ нафар: ду мард ва се занро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба муддати аз 15 то 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.


Аз ин миён, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ду нафар шаҳрванди Узбакистон ва шахси панҷум фарди бидуни шаҳрвандӣ мебошанд.


Чанд қазияи ҷосусӣ дар соли ҳолӣ равобити Тоҷикистону Узбакистонро муташанниҷ кардааст. Соли равон Тоҷикистон ҳам чанд нафарро бо ҷурми ҷосусӣ ба Узбакистон аз озодӣ маҳрум карда буд.
XS
SM
MD
LG