Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти футболбози маъруф, Ферентс Пушкаш


Рӯзи ҷумъа, 17 ноябр дар синни 79 - солагӣ яке аз беҳтарин футболбозони Маҷористон Ферентс Пушкаш вафот кард. Дар давоми шаш соли ахир ӯ аз бемории Алтсҳеймер азият мекашид.


Дар солҳои панҷоҳум Пушкаш капитани мунтахаби Маҷористон будааст. Ин мунтахабро "дастаи тиллоӣ" меноманд, зеро соли 1952 медали тиллои бозиҳои олимпиро ба даст оварда, дар давоми чандин соли баъдӣ низ дастаҳои маъруфи оламро ноком кардааст.


Пушкаш дар 85 ҳунарнамоии зери парчами Маҷористон 85 гол задааст. Стадиони марказии шаҳри Будапешт пойтахти Маҷористон ба номи Пушкаш мебошад.
XS
SM
MD
LG