Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Қирғизистон ба сӯиистифода аз мансаб муттаҳам мешавад


Вакили Порлумони Қирғизистон Давронбек Содирбоев аз додситони кулли ин кишвар дархост намуд, ки таҳқиқи иттиҳоми сӯиистифода аз мансаби сарвазир Феликс Қуловро аз сар гирад.


Содирбоев қарори лағви айбномаи Қулов аз ҷониби Додгоҳи олии Қирғизистонро, ки дар таърихи 06.04.2005 ба вуқӯъ пайвастааст, зери суол гузошт. Ба қавли ин вакили мардумӣ, қарори додгоҳ дар паи табаддулоти моҳи марти соли 2005-ум ва барканоршавии президент Аскар Оқоев қабул шудааст.


Дар давраи табаддулоти соли 2005, Қулов бо ҷурми сӯистифода аз мансаб дар солҳои навадуми қарни гузашта дар зиндон буд.


Содирбоев бар ин ақидааст, ки бо ҳукми Қулов дар ҳуҷраи кории вакили Порлумон Омурбек Текебоев таҷҳизоти пинҳонии сабти овоз гузошта шуда буд. Моҳи равон ҳангоми гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар майдони марказии Бишкек ҳукумат навореро пахш кард, ки дар он тибқи иттилои мақомот мухолифин нақшаи табаддулоти давлатиро баҳс мекарданд.
XS
SM
MD
LG