Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов савганди президентӣ ёд кард


Рӯзи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе раиси ҷумҳури тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмонов савганди расмӣ ёд кард, ӯ тибқи муқаррарот дасти росташро болои Қонуни асосӣ гузошта ва савганди вафодорӣ ба Ватан, тамомияти арзӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш ёд кард.
Ҳангоми қироати матни савганди вафодорӣ, парчам ва нишони миллӣ дар паҳлӯи раиси ҷумҳурӣ гузошта шуд ва барои аввалин бор дар ин навбати савгандёдкунӣ парчам ва нишони президентӣ низ мавриди амал қарор гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан ин маросим дар бинои Порлумон сурат мегирифт.
Баъди адои ин маросим дар майдони марказии Душанбе панҷ ҳазор аз нирӯи мусаллаҳ савганди садоқат ба раиси ҷуҳмури мунтахаб ёд карданд. Қонуни савганди садоқат ёд кардани нирӯҳои мусаллаҳ ба президенти мунтахаб дар ҳамин тобистони соли ҷорӣ қабул шуда буд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG