Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз "Дили гарм" то "Зимистони умр"-и Саттор Турсун


Рӯзи ҷумъаи 17 ноябр дар толори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аҳли завқ аз 60 - умин солгарди зодрӯзи Саттор Турсун, нависандаи аршади тоҷик, муаллифи беш аз 100 асар, роман, қисса, ҳикоёт, эссе, новелла таҷлил кард.

Ба иттилоъи Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагон, Саттор Турсун дар тӯли 40 соли умри эҷодӣ аз худ мактаби ҷадиди нависандагӣ- насри андеша боқӣ гузошт, ки то ҳанӯз дар кишвар ҷонибдорони зиёд дорад.

Ва аммо Муҳаммадҷон Шакурӣ, академисийнуи тоҷик афзуд, Саттор Турсун на танҳо дар насри андеша, ки дар манзарнигорӣ, ҳикоёти шарҳиҳол, эссе низ чира будааст: «Ӯ хусусан насри реалистии тоҷикии моро, ки дар асри 20 ба миён омадааст, то ду қадам пеш бурд, ҷомаи тахайюл пӯшонид ва ба мартабаҳои баланд бардошт.»

Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик афзуд, Саттор Турсун ягона адибест, ки аз нақли насрӣ даст кашид ва аз сабки инсонофаринишӣ кор гирифт: «Ва ҳамин усули тасвир тақозо кардааст, ки Саттор Турсун ба даруннигарӣ, ботинбинӣ ва садамаҳои ботинӣ бештар таваҷҷӯҳ кунад»

Насри адабии тоҷик дар тӯли сад соли ахир аз се марҳала гузаштааст ва се мактаб ва се давра дорад. Нахуст, насри даврони инқилоби солҳои 20 то 50-и асри пор, ки бештар қабои идеоложӣ дошт ва ба истилоҳ зиддифеодолизм дар набард буд. Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ аз намояндагони ҳамин давронанд.

Насри давраи аз 50 то 80-и асри 20-ро Сотим Улуғзода ва Фазлиддин Муҳаммадиев асосгузор буданд. Урун Кӯҳзод, Баҳманёр, Сорбон ба давраи адабии саввуми насри тоҷик шомиланд, ки ба иттилоъи Ҷонибек Акобиров, сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» пештоз ва аламбардори ин даврон Саттор Турсун буд.

Нахустин маҷмӯъаи Саттор Турсун бо номи «Дили гарм» дар солҳои 60-и асри гузашта ва охирон асари ӯ «Зимистони умр» дар нашриёти «Адиб» ба тозагӣ нашр шуд. Дар ин миён, даҳҳо китобу маҷмӯъаи адиб чоп шудааст, ки маъруфтарин аз онҳо романҳои «Се рӯзи як баҳор», «Садама ё худ достони як марди саргардон», қиссаҳои «Камони Рустам», «Сукути қуллаҳо», «Барф ҳам мегузарад» маҳсуб мераванд.

Саттор Турсун баъд аз нашри қиссаи «Санг дар бағал ба тӯфон» дар соли 2006 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ гардид. Дар нишасти ахир Саттор Турсун соҳиби нишони «Ҷоизаи сухан» гардид.
XS
SM
MD
LG