Пайвандҳои дастрасӣ

Масдуд шудани ҳаракат тавассути ағбаи Анзоб


Бар асари боришоти сангини барф ҳаракати васоили нақлия тавассути гарданаи Анзоб, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам васл мекунад, қатъ шудааст. Акрам Рузиматов, сардори раёсати амнияти роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз (17 ноябр) аз субҳ ағба маҳкам буд.


Феълан, даҳҳо мошини ҳомили бору мусофир дар ду тарафи гарданаи Анзоб имкони убурро надоранд. Айни ҳол, Вазорати нақлиёт ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъсиси Кумиссиюн ҷиҳати баррасии вазъи ин гардана ва қатъи расмии рафтуомади нақлиёт тавассути он нома ирсол кардааст.


Гарданаи Анзоб танҳо роҳи заминиест, ки шимоли Тоҷикистонро бо ҷануб ва ҳамин тавр, маркази кишвар пайванд медиҳад. Ва ҳамасола ин гардана аз панҷ то шаш моҳ аз моҳи ноябр то моҳи май ба рӯи ҳаракати нақлиёт масдуд мешавад. Масдуд шудани ҳаракати нақлиёт боиси афзоиши қиммати бархе аз молу маводи мавриди ниёзи мардум дар пойтахт мешавад.


Аммо эҳтимол меравад, дар сурати баста шудани гарданаи Анзоб ҳаракати нақлиёт тавассути туннели Истиқлол иҷоза шавад. Туннели Истиқлол дар гардани Анзоб дар тобистони соли равон кушода шуд, аммо сохтмони он ҳамчунон ба охир нарасида ва тавассути як ширкати иронӣ идома дорад. Дар ҳар сурат, имкон дорад, дар ҳоли расман баста шудани гардана аз тарафи шаб барои чанд соати маҳдуд убуру мурури васоили нақлия тавассути туннел иҷоза дода шавад. Ин нақб 4,5 ҳазор метр масофа тӯл дорад ва сохтмони он интизор меравад, то баҳори соли оянда такмил шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG