Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баландпарвозиҳои Қазоқистон дар осмони ҷаҳон


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар баробари ҳамкориҳои мутавозини хуб бо Русияву Чин кишварҳои Ғарбро низ аз мадди назар дур накардааст. Вай мегӯяд, баъзе кишварҳои ғарбӣ ё ширкатҳои хусусии ин кишварҳо баъд аз истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 бо ин кишварҳо қарордодҳое бастанд, ки миллионҳову миллиардҳо доллар арзиш дошт.

Ҳамчунин кишварҳои ғарбӣ иброз карданд, ки ниёзмандиҳои амниятии Қазоқистонро бароварда месозанд. Қазоқистон узви барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ - паймони Нато" мебошад ва гурӯҳи хурди нирӯҳои Қазоқистон дар Ироқ мустақар шудаанд. Аммо дар мулоқот бо Ҳизби шаҳрвандии Қазоқистон оқои Назарбоев гуфт, ки ҳар чиз ҳад дорад. Шарикӣ бо кишварҳои ғарбӣ бояд маҳдуд бошад:

"Бас аст, Қазоқистон дигар он кишвар нест, ки кӯмак кунед ва бигӯед, ки чӣ кор бояд кунад. Мо худамон медонем, ки чӣ кор кунем. Ва мо низ набояд шалворамонро бардошта барои тавсияҳои бегонагон биравем."

Оё ин паёми Назарбоев ба кишварҳои ғарбӣ буд? Оё оқои Назарбоев аз кишварҳои ғарбӣ рӯ гардонд? Джон Маклоид - коршиноси Осиёи марказӣ ва сардабир аз пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Лондон гуфт, ки гуфтаҳои оқои Назарбоев чандон қобили таваҷҷӯҳ нест.

"Ман фикр мекунам, ки ӯ ин ҳарфҳоро дар маҳфили хос гуфт ва ин дар маҳфили ғарбиён набуд ва он ҳатто дар сатҳи маҳфили миллӣ набуд. Ӯ ин ҳарфҳоро бо ҳизби худ гуфт ва ҳизби шаҳрвандии Қазоқистон, ки қарор аст бо ҳизби "Отан"-и Назарбоев бепайвандад. Ман фикр мекунам, ки ӯ ҳақиқат гурехтааст ва мехостааст ба онҳо бигӯяд, ки агар шумо сиёсатмадорони муҳим ҳастед фикр кунед, ки ҳама чиз дар ин кишвар аз бунёдаш хуб аст, ва шумо инро дар назар гиред, ки чӣ касе дар раҳбарият қарор дорад."

Оқои Маклоид ҳамчунин гуфт, ки робитаи хуб бо Русия ва Чин ин маъниеро надорад, ки ҷумҳурии Қазоқистон робитаи худро бо Ғарб манъ кунад. Оқои Маклоид изофа кард, ки Остона мехоҳад, эътибори байналмилалии Қазоқистонро боло барад ва оқои Назарбоев инро аз кишварҳои ғарбӣ ҳам мехоҳад.

"Он чӣ, ки онҳо барои ояндаи наздик интизор доранд, ин аст, ки онҳо бояд раёсати даврии САҲАро бар ӯҳда бигиранд ва ба фикри ман онҳо иддао мекунанд, ки ҳаққи сиёсӣ, байналмилалӣ ва иқтисодӣ доранд. Ман инро дар назар дорам, ки Қазоқистон яке аз бозигарони нафт мебошанд, шояд на ба стандартҳои Халиҷ балки бо ҳар стандарти дигар."

Қазоқистон мехоҳад, раёсати даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар соли 2009 бар ӯҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG